Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Сардухтури "Коммунарка" Денис Протсенко гирифтори коронавирус шуд

Қайд мешавад, ки дар ҳоли ҳозир вазъияти сардухтури "Коммунарка" Денис Протсенко қаноатбахш арзёбӣ мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Сардухтури табобатхонаи сироятии "Коммунарка" Денис Протсенко гирифтори коронавирус шуд.

Қайд мешавад, ки дар ҳоли ҳозир вазъияти Денис Протсенко қаноатбахш арзёбӣ мешавад.

Тасдиқ шуд: Борис Акунин ва Лев Лешенко ба коронавирус гирифтор шудаанд

Ёдрас мешавем, ки беморхонаи "Коммунарка" танҳо беморони мубталои коронавирусро табобат мекунад. Дар ҳамин ҳол чанд рӯз пеш президенти Русия Владимир Путин ба беморхонаи "Коммунарка" сафар карда аз аҳволи беморон хабар гирифт ва бо сардухтур ва пизишкон суҳбат кард.

Ногуфта намонад, ки дар Русия раванди паҳншавии маризии сироятии коронавирус босуръат ҷараён дорад. Танҳо давоми як шабонарӯз 500 ҳолати нави гирифторшавӣ ба ин маризӣ сабт гардид.

Ин маризӣ аллакай дар 73 минтақаи Русия доман зада, 2337 нафарро дардманд намудааст.

Ба гузориши Созмони ҷаҳонии беҳдошт, феълан дар сартосари ҷаҳон беш аз 785 ҳазор нафар мубталои коронавирус гардида, 165 ҳазор дардманд шифо ёфтаанд. Ҳамчунин 37 ҳазор маризи коронавирус ба ҳалокат расидаанд.

Ба иттилои ин созмон, то 31 - уми март дар давлатҳои ИДМ, аз ҷумла дар Русия 1836 ҳолат, Украина – 548, Арманистон – 482, Қазоқистон – 308, Молдова – 298, Озарбойҷон – 273, Беларус – 152, Ӯзбекистон – 150 ва Қирғизистон — 94 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид.