Санаи баргузории Бозиҳои олимпии Токио дақиқ шуд

Замони баргузории Бозиҳои тобистонаи олимпӣ ва параолимпӣ, ки  бинобар хуруҷи бемории коронавирус бори аввал дар таърих мавқуф гузошта шуданд, муаян гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Токио 23 июли соли 2021 оғоз меёбанд. Дар ин бора шабакаи телевизионии Ҷопон NHK бо истинод ба манбаъҳои ҳукумат хабар додааст.

Хайрбод олимпиада: Бозиҳои тобистонаи олимпии "Токио 2020" доир намешавад

Қайд карда мешавад, ки ин тасмимро якҷо Кумитаи байналмилалии олимпӣ (IOC) ва кумитаи тадорукоти бозиҳо дар Ҷопон қабул кардаанд.

Қаблан президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах ва Сарвазири Ҷопон Абэ Шинзо дар масъалаи ба вақти дигар гузаронидани Бозиҳои олимпии Токио ба мувофиқа расида буданд.
Чунин қарор дар натиҷаи суҳбати телефонии Томас Бах ва Абэ Шинзо бо иштироки раиси Кумитаи тадорукоти "Токио-2020" Йоширо Морӣ ва дигар шахсони масъули омодагӣ ба бозиҳо гирифта шуд.
"Дар мавриди номи бозиҳо бошад мисли ҳозира - Токио 2020 боқӣ хоҳад монд. Оташи олимпӣ, ки аллакай дар Ҷопон аст, рамзи пирӯзӣ бар коронавирус хоҳад шуд",- гуфт губернатори Токио Юрико Коике.
Бозиҳои олимпии соли 2020 бояд дар пойтахти Ҷопон аз 24 июл то 9 август баргузор мешуданд, аммо ноустувории вазъи эпидемиологӣ дар дунё ҷомеаи ҷаҳонро водор сохт, ки дар бораи лағви баргузории он фикр кунад