Пешгӯии Трамп: дар ИМА аз коронавирус 200 ҳазор нафар мемирад

Ба гуфти раҳбари Амрико, агар чораҳои мақомот намешуд, зиёда аз 2 миллион нафар дар ИМА бар асари  гирифторӣ ба  коронавирус ҳалок мешуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Президенти ИМА Доналд Трамп дар нишасти матбуотии рӯзи якшанбе гуфт, агар мақомот зидди коронавирус мубориза намебурд, беш аз 2 миллион амрикоӣ метавонист ҳалок шавад, аз ин рӯ марги 100-200 ҳазор нафар "пешгӯии хуб" аст, хабар додааст РИА Новости.

Охирин омори ҷаҳонии гирифторони коронавирус : дар ИМА аз 100 ҳазор гузашт

Ба гуфтаи Трамп, баландтарин сатҳи фавт аз сирояти коронавирус дар ИМА дар тӯли 14 рӯз тул хоҳад кашид ва барқароршавии кишвар аз пандемия, ба назари ӯ, 1 июн оғоз меёбад.

"Агар мо тавонем шумораи ҳалокшудаҳоро ба 100-200 ҳазор кам кунем, ин маънои онро дорад, ки хуб кор кардаем",- гуфт раҳбари Амрико.

Трамп инчунин амр дод, ки чораҳои зидди паҳншавии коронавирус то 30 апрел пурзӯр ва тамдид карда шаванд.

Тибқи маълумоти охирини Маркази тадқиқоти системавӣ ва муҳандисии Донишгоҳи Ҷонс Хопкинс, дар ИМА 142  ҳазору 328 нафар ба коронавирус сироят ёфтаанд, 2 493 нафар вафот карда, 4767 нафар шифо ёфтаанд.

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт рӯзи 11 март коронавирусро пандемия эълон кард. Тибқи охирин маълумоти ТУТ, дар ҷаҳон беш аз 700 ҳазор ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шуда, тақрибан 35 ҳазор нафар ҷон додаанд.