ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Мақомоти умури дохилии Қрим нисбати марде, ки аз карантин гурехтаву ҳаёти дигар одамонро дар хатар гузоштааст, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод аз раёсати ВКД дар ин минтақа.
Гуфта мешавад, дар пайи фирори ин мард аз карантин корманди маркази тиббӣ ба коронавирус мубтало шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ин нахустин ҳолат дар таҷрибаи парвандаҳои ҷиноӣ мебошад.
Манбаъ мегӯяд, чунин ҳолат дар Карелия низ ба амал омадааст. Дар ин минтақа низ як сокини Мурманск, ки аз хориҷа баргашту аз ӯ бемории коронавирус ташхис ёфт, низоми худҷудокуниро вайрон карда, метавонад сирояти одамони дигарро ба вуҷуд орад.
Масъалаи оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ин нафар низ дар ҳоли баррасист.
Ёдовар мешавем, тибқи лоиҳаи қонуни нав барои чунин ҷиноят, айбдоршавандаро ҷаримаи калон ва маҳбас таҳдид мекунад.
Қаблан дар Ӯзбекистон низ ҳолатҳои ба ин монанд рух дода буд, ки мақомоти ин кишвар гуфтанд барои гурез аз карантин қонун то 8 соли зиндон ва ё ҷаримаи зиёд пешбинӣ кардааст.