Муҳорибаро мехоҳанд бе Ҳабиб гузаронанд: UFC барои Фергюсон рақиби нав меҷӯяд

Ҳабиб Нурмуҳаммадов размикори доғистонӣ ва чемпиони UFC гуфт муҳорибаи ӯ бо Тони Фергюсони амрикоӣ дар ҳоли лағвшавист
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Дар ин R-Sport бо истинод аз изҳороти худи Ҳабиб дар саҳифаи Instagram хабар додааст.

Фергюсон гуфт, Ҳабиб ба майдон баромадан намехост, барои ҳамин дар Русия пинҳон шуд

Ба гуфтаи размикори доғистонӣ раҳбарияти UFC ҳоло роҳҳоеро меҷӯянд, ки рақобатро бе иштироки ӯ доир намуда, барои Фергюсон ҳарифи нав пайдо кунанд.

 "Хабарҳое ҳоло ба ман расид, ки UFC дар Амрико барои гузаронидани мусобиқа омодагӣ мегирад. Онҳо бо кадом штат гуфтушунид доранд. Ҳоло ман наметавонам аз Русия ба Амрико парвоз кунам. Ҳоло музокирот идома дорад, агар ман иштирок карда натавонам, онҳо ин мусобиқаро бо ман ё бидуни ман баргузор хоҳанд кард. Чуноне ки ман медонам, онҳо ҳатто ба Тони Фергюсон рақиб меҷӯянд, зеро ӯ дар Амрикост ва онҳо мехоҳанд дар Амрико муҳориба барпо кунанд, аммо ман дар Русия ҳастам",-гуфт Нурмуҳаммадов дар саҳифааш дар Instagram

Изҳороти Ҳабиб дар ҳолест, Тони Фергюсон, размикори амрикоӣ ӯро дар кӯшиши канораҷӯйӣ кардан аз муҳорибаи ояндаашон муттаҳам кард
Фергюсон гуфт, мубориза бо Нурмуҳаммадов бояд дар доираи мусобиқаи UFC 249 санаи 18 апрел баргузор шавад.

UFC барои муҳорибаи Ҳабиб ва Фергюсон макони нав пайдо кард Ба гуфтаи варзишкори амрикоӣ, маҳз хоҳиши ба октагон набаромадани Нурмуҳаммадов сабаб шуд, ки ӯ ба Русия равад.Ҳабиб Нурмагомедов чанде қабл аз ИМА, ки дар он ҷо тамрин мекард, ба Русия баргашт.
Муҳориба Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва Тони Фергюсон мебоист 18 апрел доир гардад, аммо то кунун макони баргузории ин дидор муаян нест.

Қаблан Дана Уайт, раҳбари UFC гуфт, барои муҳорибаи ин ду варзишкор макон пайдо кардааст, аммо ҳоло омода нест онро бигӯяд. Ба гуфти ӯ ин дидори Ҳабиб ва Тони бидуни иштирокӣ тамошобинон сурат хоҳад гирифт.