Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Вуҳан аз карантин озод шуд

Вуҳан, конуни аслии шуюи коронавирус дар Чин, саранҷом баъд аз ду моҳ мамнӯияти омадурафт рӯзи шанбе аз карантин хориҷ шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Комиссияи миллии беҳдошти Чин рӯзи шанбе эълом кард, ки тайи 7 рӯзи охир ягон ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус сабт нашудааст.

Собянин аз марҳилаи нави паҳншавии коронавирус дар Маскав хабар дод

Ба далели он, ки ҳеҷ мавриди ҷадиде аз ибтило ба коронавирус дар ин кишвар шиносоӣ нашудааст, карантини думоҳаи шаҳри Вуҳан низ ба дастури давлати Чин поён ёфт, хабар дод Парстудей.

Ҳаракати қатораҳо дар вилояти Ҳубейи Чин конуни аслии шуюи коронавирус дар ин кишвар аз рӯзи 25 март аз сар гирифта шудааст, аммо 17 истгоҳ дар шаҳри Вуҳан аз рӯзи шанбе иҷозатномаи фаъолият гирифтаанд.

Манбаъ афзуд, афроде, ки дорои коди беҳдоштӣ дар шаҳрҳои вилояти Ҳубей ғайр аз Вуҳан ҳастанд метавонистанд аз рӯзи чаҳоршанбе ин вилоятро тарк кунанд ва афроди дорои коди беҳдоштӣ дар Вуҳан ҳам метавонанд аз 8 апрел аз ин вилоят хориҷ шаванд, аз рӯзи 28 март ҳам вуруди афрод ба Вуҳан иҷозат шудааст.

Таъкид шудааст, ки боз шудани омадурафт дар ин шаҳри 9 миллионнафарӣ бори дигар умедро дар миёни мардуми ин шаҳр ва ҳамчунин саросари ҷаҳон зинда кард, ки коронавирус шикастпазир аст ва бо ҳамдилӣ ва ҳамроҳии мардум метавон бар он ғалаба кард.