Додситон айби Ҳоҷӣ Амони фирорӣ, соҳиби ширкати “Сапеда-112”-ро гуфт-видео

Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, Амонулло Иззатуллоев, мудири ширкати “Сапеда–112”, худсарона ошёнаҳоро илова кардааст. Қаблан мақомот аз ошкор шудани чунин худсариҳо дар ширкати “Комил – 2010”, ки марбути хонаводаи Бег Сабур дониста мешавад, хабар дода буданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Амонулло Иззатуллоев, маъруф ба Ҳоҷӣ Амон, ки феълан таҳти пайгард қарор дорад, дар он айбдор мешавад, ки бидуни иҷозати мақомот болои биноҳои 15-ошёна худсарона се ошёнаи дигар ба масоҳати 1648 метри мураббаъро сохтааст.

Худсарӣ: дастури санҷиши ширкати писари Бег Сабур ва таҳдиди бастан

Дар ин бора Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон зимни гузориш ба Маҷлиси миллӣ хабар дод.

Ба гуфтаи додситони кулли Тоҷикистон,  муайян карда шуд, ки бо қарори раиси шаҳри Душанбе аз 29 октябри соли 2014, №471 ба ҶДММ “Ободии пойтахт” барои сохтмони биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, дар кӯчаи Х. Деҳлавӣ, ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, иҷозат дода шудааст.

Минбаъд тибқи шартномаи ҳамкорӣ дар сохтмони биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ байни ҶДММ “Ободии пойтахт” ва ҶДММ “Сапеда 112” аз 16 феврали соли 2017, ширкати “Сапеда 112” уҳдадор гардидааст, ки иҷрои саривақтӣ ва босифати корҳои сохтмонии биноҳои пешбинигардидаро ба анҷом расонад, хабар дод нашрияи парлумонии “Садои мардум”.

“Роҳбари ҶДММ “Сапеда 112” Изатуллоев,  бе риоя намудани тартиби муқаррарнамудаи қонун, дидаву дониста, ки тибқи хулосаи мусбати экспертизаи давлатӣ блокҳои “А” ва “Б” 15-ошёнагӣ пешбинӣ гардидааст, худсарона дар болои ошёнаҳои 15-уми блокҳои зикршуда бе иҷозати мақомоти ваколатдор дар масоҳати 1648 метри мураббаъ сохтмони 3 ошёнаҳои иловагиро ба роҳ мондааст”, - изҳор дошт Юсуф Раҳмон.

Додситони кул таъкид намуд, ки аз рӯи ҳолатҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд. Назари худи айбдоршаванда дар бораи ин қазия феълан маълум нест.

Зиёфати Президент дар хонаи нави оилаи Бег Сабур дар кӯчаи Сангак Сафаров

Юсуф Раҳмон дар мавриди камбудиҳои бахши сохтмон изҳор дошт, ки ҳолатҳои аз тарафи пудратчиёну фармоишгарон берун аз лоиҳа, бидуни дастрас намудани иҷозат ва хулосаҳои зарурӣ сохтани ошёнаҳои иловагӣ ошкор гардида, дар ҳолатҳои алоҳида биноҳои бисёрош­ёна бидуни санади қабули иншоот ба истифода дода шуда, шаҳрвандон дар он истиқомат доранд.

Суҳбат аз парванда алайҳи роҳбари “Сапеда-112” дар ҳолест, ки пештар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон тариқи телевизионҳои давлатӣ эълон карда буд, ки шаҳрванд Иззатуллоев Амонулло Исматович, соли таваллудаш 1983, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҳамадонӣ, барои содир намудани ҷинояти дар моддаи 247, қисми 4-и Кодекси ҷиноӣ, яъне қаллобӣ дар кофтукови ҷиноятӣ қарор дорад.

Ин дар ҳолест, ки аввали соли равон масъулини Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон аз чунин худсариҳо дар ширкати “Комил-2010” хабар доданд, ки бидуни иҷоза ошёнаҳоро илова мекардааст. Ширкати “Комил 2010” ба Сиёвуш Зуҳуров, писари Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, мансуб дониста мешавад.

Ҳалокати муҳоҷири тоҷик баъди сарозер шудан аз ошёнаи 12: ҳамагӣ ду рӯз кор кардааст

Ҷамшед Аҳмадзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Тоҷикистон, аввали соли равон гуфт, феълан ба ширкати “Комил-2010” ҳушдор додаанд, ки дар сурати ислоҳ накардани камбудиҳо дар муҳлати кӯтоҳ, иҷозатномаи ширкат бозхонд карда мешавад.

“Ҳозир Хадамоти давлатии назорат якҷо бо хадамоти иҷозатномадиҳӣ кор бурда истодаанд, ҳар як иншооти ин ширкатро санҷида истодаем. Агар ин корҳо ислоҳ нашаванд дар муддати кӯтоҳ, мо литсензияи “Комил 2010”-ро мегирем”, - изҳор дошт раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон.

Масъулини Кумитаи меъморӣ камбудиҳои асосии ин ширкатро дар он гуфтанд, ки худсарона бидуни гузаштан аз экспертизаи давлатӣ корҳои сохтмониро оғоз мекардаасту дар рафти сохтмон ошёнаҳои иловагиро зам менамудааст.

"Камбудиҳои асосӣ ин бе лоиҳаи аз экспертизаи давлатӣ гузашта оғози корҳои сохтмонӣ ва дар протсеси сохтмон зиёд кардани ошённокии бино берун аз лоиҳа мебошад”, - изҳор дошт Раҳматилло Табарзода, масъули Кумитаи сохтмон зимни нишасти матбуотӣ.

Ӯ афзуд, ки иншооти ширкати мазкур дар шаҳри Душанбе ва навоҳии дигар таҳти назорат қарор доранд.