Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Маскав дар карантин: коронавирус пойтахти Русияро холӣ кард - видео

Ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии густурдаи коронавирус аз 28 март дар Маскав чораҳои пешгирикунанда ҷорӣ карда шуданд
Sputnik

Марказҳои савдо ва маконҳои тамошобоби оммавӣ бо қарори президенти кишвар Владимир Путин ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус дарҳои худро бастанд.

Русия роҳи табобати коронавирусро пайдо кард

Мири шаҳр Сергей Собянин қарор баровард, ки аз 28 март то 5 апрел, ҳамагуна кафеҳо, тарабхонаҳо, клубҳо, кинотеатрҳо ва осорхонаю театрҳо баста шаванд.

Шумораи мубталоёни коронавирус дар Русия якбора 1,5 ҳазор шуд

Ҳамаи боғҳои фароғатии шаҳри Маскав низ баста шуданд. Ҳафтаи равон сокинон ва меҳмонони шаҳри Маскав наметавонанд ба боғҳои "Парк Горкого", ВДНХ, "Сарисино", "Коломенское", "Заряде", "Соколники" ва "Кусково" бираванд.

Собянин аз марҳилаи нави паҳншавии коронавирус дар Маскав хабар дод

Албатта, то ҳол дар кӯчаҳои Маскав мардум гашту гузор доранд, вале дар қиёс бо рӯзҳои маъмулӣ, кӯчаҳо холитар ҳастанд.

Тибқи омори расмӣ то 29 марти соли 2020 дар Русия 1534 кас мубталои коронавирус шуда, 8 кас аз ин беморӣ ҷон бохтанд.