Боздошти ду ҷавон ба иттиҳоми ғоратгарӣ дар шаҳри Душанбе

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти ду ҷавоне хабар медиҳад, ки ба манзилҳои сокинони пойтахт даромада молу мулкашонро рабудаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД дар бора дузди ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе зани 42-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст.

Ӯ шикоят кардааст, ки рӯзи 27-уми марти соли 2020, тахминан соати 07:00, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз дохили ҷевон ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

"Зарари расонидашуда 9 ҳазору 950 доллари амрикоиро ташкил медиҳад", - омадааст дар хабарнома. 

Бино ба гузориши ин ниҳод дар паи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 23-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ бо гумони содир намудани кирдори дуздӣ дастгир карда шуд.

Дуздӣ дар бозори "Фаровон"

Гуфта мешавад, ки феълан, гумонбаршаванда дар боздоштгоҳ қарор дошта, тафтишот идома дорад.

Инчунин, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 20-солаи сокини шаҳри Панҷакент, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, санаи 25-уми марти соли 2020, тахминан соати 12:00, бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии марди 53-солаи сокини ҳамин шаҳр даромада, аз он ҷо 500 қуттии сигори тамғаи "Эссе-ченҷ" ва 500 қуттии сигори тамғаи "Роза"-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Манбаъ афзуда, ки нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.