"Интизор шав ман калон шавам": клипи нави Абдурозиқ бо духтари шаҳрӣ дар деҳот - видео

Дар ин намоҳанг Абдурозиқ аз ишқ месарояду бо духтари дӯстдошта дар зодгоҳаш ба кишту кори деҳот машғул аст
Sputnik

Абдурозиқ, сарояндаи навраси тоҷик ва акнун машҳури шабакаи ҷаҳонии Интернет намоҳанги навбатии худро таҳти унвони "Интизор шав ман калом шавам" - ро бо суруди пешкаши мухлисон кард.

Дар ин бора Абдурозиқ дар саҳифааш дар Instagram хабар дода гуфтааст, ки сабти ин намоҳанг дар зодгоҳаш деҳаи Ғиждарва гузаштааст.

"Салом дӯстони азиз ,клипи навбатии ман ки сабташ дар зодгохам гузаштааст баромад. Умедворем, ки суруд ва клип ба шумо писанд меояд. Тамошои бофароғатро орзумандам!" - навиштааст Абдурозиқ ва минатдории худро ба шахсоне ки дар суруд ва клипаш саҳми худро гузоштаанд, расонидааст.

Намоҳанги Абдурозиқ рӯзи 27 март дар шабакаи Авлод Медиа дар Youtube нашр шудааст. Дар давоми як рӯз намоҳангро беш аз 18 ҳазор кас боздид карда ва зиёда аз 500 нафар писандидааст.

Тавсияи Абдурозиқ барои муолиҷаи коронавирус: "дар ду рӯз гум мешавад" - видео

Абдурозиқ пештар суруди Далер Назаров "Чак чаки борони баҳор" ва шеъри маъруфи “Эй акси рухат ҷон диҳад оинаи дилро” - и шоир Туғрал Аҳрорӣ - ро суруда буд.

То ин муддат сурудҳои Абдурозиқ қалби миллион бинандаро дар YouTube тасхир кардааст. Аз ҷумла суруди муштараки ӯ ва репсаро Барон  бо номи “Ватан - Модар”, ки танҳо дар моҳи аввали баъди нашр, теъдоди тамошобинонаш ба бештар аз 2, 3 милион расид.

Абдурозиқ меҳмонхона месозад: изи пои Алӣ (а), шоҳи кофир ва қурутоби "девона" - видео

Ва ё суруди “Оҳанги дили зор” - и Абдурозиқро то ин муддат дар зиёда 2, 7 милион нафар тамошо кардаанд, ки ба қавле рекорд ва ё “инқилоб” дар ҷодаи сарояндагӣ дар YouTube гуфта мешавад.

Сар аз моҳи сентябри соли 2019 репсарои машҳури тоҷик Барон, Абдурозиқро барои ҳамкорӣ бо гурӯҳи худ ба Душанбе даъват кард ва барои ин розигии волидони ин овозхони наврасро гирифт. Аз он замон масъулияти сабт ва нашри сурудҳои Абдурозиқро, гурӯҳи Барон ба уҳда гирифтааст.