Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Олимон нишонаи нави коронавирусро муайян карданд

Олимони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико боз як нишонаи дигари эҳтимолии коронавирусро муайян карданд. Ин аломат дар паи омӯзиши гузоришҳои олимони чинӣ муайян шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Коршиносони ИМА дар паи омӯзиши гузоришҳои олимони чинӣ як нишонаи дигари коронавирусро гуфтанд.

Ин аломат конюнктивит - илтиҳоби пардаи чашм, гуфта шудааст.

Ҳамагиршинос гуфт, кай фаъолнокии коронавирус паст мешавад

Бино ба гузориши олимони чинӣ ҳар бемори 30-юми коронавирус, конюнктивит доштааст.

На сулфаю на таби баланд: олимон нишонаи нави коронавирусро муайян карданд

Тибқи додаҳои дигари таҳлилӣ аз 1099 мубталои коронавирус дар Чин - 19 нафарошон конюнктивит доштааст. Таърихи бемориҳо аз 30 табобатхонаҳои Чин ҷамъоварӣ шудааст.

Бояд қайд кард, ки COVID-19 метавонад сабаби бемории чашм бошад. Пизишкони амрикоӣ ин масъаларо меомӯзанд.

На танҳо таб ва сулфа: нишонаҳои нави коронавирус маълум шуданд

Ёдрас мешавем, ки то кунун аломатҳои гуногуни коронавирус муайян шудааст.

Бино ба гузориши Созмони ҷаҳонии беҳдошт нишонаҳои аслии бемории коронавирус: ҳарорати баланд ва сулфа мебошад.