ДУШАНБЕ, 28 мар – Sputnik. Муовинони вазири тандурустии Тоҷикистон Мирҳаммудин Камолзода ва Шодихон Ҷамшед дар ҷаласаи навбатии ситоди Вазорати тандурустӣ оид ба пешгирии сирояти коронавирус дастуру супоришҳои мушаххас ироа намуданд.
Ҷаласаи мазкур бегоҳи рӯзи 27 - уми март бо ҳузури роҳбарон ва сардорони як қатор муассиса ва раёсати тандурустӣ баргузор гардид.
Ба иттилои котиботи Вазорати тандурустӣ, дар ҷаласа ба масъалаҳои назорати қатъии гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва ба қарантин фаро гирифтани шаҳрвандоне, ки аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон ворид мегарданд, диққати махсус зоҳир гардида, оид ба рафъи мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Толибон бо артиши Афғонистон дар мубориза алайҳи коронавирус муттаҳид шуданд
Ҳамзамон, таъкид карда шуд, ки новобаста ба он ки то имрӯз сирояти коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст, аммо барои дар ҳолати эҳтимолии хуруҷи сирояти мазкур, аз ҷумла бистарӣ ва табобат намудани нафарони сироятёфта муассисаҳои тандурустӣ ҳамҷониба омода бошанд.
Иттилоъ дода шуд, ки аз 1 феврал то 27 марти соли равон 5919 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷ ба Тоҷикистон ворид гардиданд, дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат ба қарантин фаро гирифта шуданд.
Аз ин шумора то санаи зикргардида 2050 нафари онҳо ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни ҳол 3870 нафарашон дар беморхонаҳои сироятии мамлакат дар карантин қарор доранд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки то имрӯз, 27 марти соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.