Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Барои карантинкунӣ ҷой дорем: масъулини Суғд аз имконияти муассисаҳои тиббӣ гуфтанд

Раёсати тандурустии Суғд аз нигоҳдошти 960 нафар дар шароити қарантинӣ хабар дода мегуяд, ки муассисаҳои тиббии ҳудудии вилоят ҳамчунон имкони ҷойгир кардани шумори аз ин ҳам бештарро доранд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 мар – Sputnik Тоҷикистон. Маъруфҷон Ҳоҷибоев, муовини сардори Раёсати тандурустии Суғд дар бораи омори қарантинкунӣ сокинон барои аз пешгирӣ ва паҳни бемории коронавирус ё COVID 2019 иттилоъ дода мегуяд, ки феълан дар худи муассисаҳои тиббӣ дар шаҳру навоҳии Суғд, имкониятҳо барои қарантинкунии шумори аз ҳозира бештари сокинон мавҷуд будааст. 

Бе коронавирус: дар Тоҷикистон то 27 март коронавирус ба қайд гирифта нашудааст

"Ба санаи 27-уми март, 960 нафар дар қарантин қарор доранд. То ин муддат 870 нафар бо сабаби ба итмом расидани мӯҳлати қарантин аз муассисаҳои тиббӣ рухсат шудаанд. Дар ҳоли ҳозир барои қарантинкунии сокинон дар муассисаҳои тиббӣ имкониятҳо мавҷуд мебошад",- афзуд Ҳоҷибоев.

Омодабош: Тоҷикистон барои мубориза бо коронавирус волонтёр меҷӯяд

Муовини сардори Раёсати тандурустии Суғд, дар ҳоле аз имкониятҳои мавҷудаи қарантинкунии сокинон бо ҳадафи пешгирӣ ва паҳни коронавирус таъкид меварзад, ки ахиран масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз камбуди ҷой барои афроде, ки аз хориҷа вориди кишвар мешаванд ва қарантинкунии онҳо ҳатмист, хабар доданд.

Бибихонум Дарвешзода, сухангӯи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон иброз намуд, ки ба делели ин мушкил ниҳоди онҳо ба чанде аз идораю вазоратҳо муроҷиат карда, вале на ҳамаи ниҳодҳои давлатӣ дар ин самт аз худ ташаббус нишон додаанд.

"Ҳоло ин мушкил пеш омадааст, ки афроди аз хориҷа ба Тоҷикистон ворид мешударо бо қарантин фаро гирем, аммо ҷой надорем. Аз ин хотир, мо ба вазорату идораҳои дигари давлатӣ муроҷиат кардем, ки бӯстонсарову истироҳатгоҳҳои худ дар дараҳои Ромиту Варзоб ва ҷойҳои дигарро дар ихтиёри мо гузоранд. Бархе розӣ шуданд, аммо аксарият хомӯшӣ ва бетафовутиро пеша кардаанд", - гуфт Бибихонум Дарвешзода.

Аммо масъулини Раёсати тандурустии Суғд мегуянд, барои ҷойгир кардани афроди назоратшаванда дар қарантин шумори катҳои тиббӣ дар худи муассисаҳои таҳти ин раёсат кофӣ буда ва ниёз ба осоишгоҳу бӯстонсаройҳои иловагӣ надоштаанд.

Русия боз ба Тоҷикистон барои санҷиши коронавирус тест дод

Бар пояи иттилои расмӣ аз 1 -уми феврал то 25-уми марти соли равон 5460 нафар, ки аз кишварҳои хориҷ ба Тоҷикистон ворид гардиданд, дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳо қарантина шуда, 2002 нафар рухсат ва 3458 нафар, аз ин омор 960 нафар дар вилояти Суғд ба ҳисоби 107 хориҷӣ ҳамоно таҳти назоратанд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегуяд, шаҳру навоҳии кишвар аз зуҳури бемории коронавирус пок буда ва то санаи 28-уми март, дарёфти он, сабт нашудааст.