Боздошти мақомдори давлатӣ бо ҷурми тасарруфи пул: беш аз 800 ҳазор ба давлат зиён расонд

Ожонси мубориза бо фасод аз қаллобкории як мансабдори давлатӣ хабар медиҳад, ки бо амалкарди худ ба давлат зиёни калони пулӣ расондаст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Мудири Ассосиатсияи истифодабарандагони оби "Ҳайдар 2017" барои тасарруфи пули давлат боздошт гардидааст.

Ожонси мубориза бо фасод: мансабдори давлатӣ 10000 сомонӣ пора гирифт

Ба иттилои котиботи Ожонси мубориза бо фасод, Юсупов Сайфулло Мирзоалиевич дар вазифаи Раиси Ассотсиятсияи истифодабарандагони оби "Ҳайдар 2017" дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд фаъолият мекард.

Раҳмон Сӯҳроб Сафарзодаро муовини раиси Ожонси мубориза бо фасод таъин кард

Номбурда дар давраи солҳои 2018-2019 аз Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи мазкур тибқи шартномаҳо ва санадҳои қабул ба миқдори 48456 ҳазор м3. оби полезиро ба маблағи 1.144.544 сомонӣ қабул намудаст.

"Юсупов  бо мақсади тасарруфи молу мулки давлатӣ бо шахсони масъули ҶДММ "Спитамен Текстайл"-и ноҳияи Спитамен маслиҳати пешакӣ намуда, дар ҳисоботҳои муҳосибӣ маблағи хизматрасонии аз ҳисоби оби полезӣ ҷамъовардашударо нишон надода, ба хазинаи Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия танҳо 269.904 сомонӣ пардохт карда, боқимонда  854.640 сомониро бо роҳи азонихудкунӣ тасарруф намудаат". - омадааст дар хабар.

Ожонсии мубориза бо фасод мегӯяд, ки Юсупов бо ин амалкарди худ ба давлат зарари махсусан калони молиявӣ расонидаст.

Зимнан, оиди ин ҳолат, нисбати Юсупов ва дигарон бо модддаи 245 қисми 4 банди "б" Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.