ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Сокини 27-солаи шаҳри Норак бо ҷурми одамкушӣ аз ҷониби кормандони милитсия боздошт гардидааст.
Ба иттилои котиботи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ҳодисаи нохуш, рӯзи 25 - уми март, тақрибан соати 15:20 дақиқа дар кӯчаи "Братский" рух додааст.
Манбаъ меафзояд, ҷавони 27-сола бо ҳамсари худ, ки 25-сол дошт, муноқиша намуда, зимнан бо корди кисагӣ ӯро 7 маротиба ба узвҳои гуногуни баданаш зарба задааст.
Куштори падари хонадон аз сӯи ҳамсар ва фарзанд: оташ зада дар назди ҳавлӣ гӯрондаанд
Дар натиҷа ҷабридиа бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаст.
Гуфта мешавад, ҷаҳли ин ҷавон паст нашуда ӯ бо корди дар дасташ буда ба хушдомани худ низ ҳамла овард. Зани 45-соларо ҳам 2 маротиба кор зад, ки дар натиҷа ӯ бистарии беморхона гардид.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, айни замон гумонбаршуда дар боздоштгоҳ қарор дорад ва аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.