ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Ҳавопаймои ширкати миллии "Тоҷик Эйр" 206 шаҳрванди Русияро ба Маскав интиқол дода, 200 шаҳрванди Тоҷикистонро ба Ватан бурд.
Дар миёни шаҳрвандони Тоҷикистон, 132 муҳоҷироне низ буданд, ки аз ширкати русии "Ютейр" билет харида, бино бар манъ шудани парвозҳо дар Русия натавонистанд парвоз кунанд.
Ин муҳоҷирон дар фурудгоҳи "Внуково"-и Маскав дар монда буданд.
Пештар "Сомон Эйр" низ чанд парвози махсус ба Русия анҷом дода, тоҷикистониёнро ба кишвар интиқол дода буд.
Муҳоҷирони баргашта, дар карантин қарор доранд.
Ба Русия сафар доред? "Сомон эйр" аз парвоз ба Маскав хабар дод
Тибқи иттилоъи расмӣ, аз 1 феврал то 25 марти соли равон 5460 нафар, ки аз кишварҳои хориҷ ба Тоҷикистон ворид гардиданд, дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳо қарантина шуда, 2002 нафар рухсат ва 3458 нафар, ба шумули 107 хориҷӣ ҳамоно таҳти назоратанд.