Раҳмон ҳадафи ҷашнвораҳои атласу адрасро гуфт

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикстон, имрӯз дар Қасри Арбоб дар ҷашнвораи “Атлас ва адраси тоҷик-2020”, ки ба ифтихори ҷашни Наврӯзи оламафрӯз баргузор гардид, иштирок намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 мар— Sputnik. Барномаи ҷашнвораи вилоятии “Атлас ва адраси тоҷик-2020” бо намоиши маҳсули дасти ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд оғоз гардид, хабар дод котиботи раисиҷумҳур.

Давлатов ба Раҳмон аз тиҷорати ҳозираю ояндааш гуфт: аз помидор то себу хишту витамин-акс

Манбаъ афзуд, Эмомалӣ Раҳмон ба кори ҳунармандон, маҳсули дасти эъҷозофар ва маҳорати хосаашон баҳои баланд дода, онҳоро ба эҳёву рушди боз ҳам бештари анъанаҳои миллӣ, тарғибу муаррифии ҳунарҳои миллӣ ва тарбияи шогирдони сазовор дар ҳунармандӣ ҳидоят намуд.

Ба Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар вилоят беш аз 17 ҳазор нафар ҳунармандон дар офаридани маҳсулоти ҳунарҳои миллӣ фаъолият доранд, ки маҳсули ҳунарҳои миллӣ дар намоишгоҳҳои минтақавию байналмиллалӣ дар давлатҳои хориҷӣ соҳиби ҷоизаҳо гардида, баҳои баланд гирифтаанд.

Котиботи раисиҷумҳур афзуд, дар толори пурнақшу нигори Қасри Арбоб ҳунармандон, тарроҳону дӯзандагон барномаи мукаммали рангинеро бо муаррифии дастовардҳои атласу адрасбофӣ ва либосҳои миллию замонавӣ аз ин матоҳои тоҷикӣ пешниҳод намуданд.

Кистанд 58 ҷавоне, ки бори нахуст ба мақоми судя таъйин шуданд?

"Ба ғолибон ва иштирокчиёни муваффақу беҳтарин барои дӯхтану пешниҳоди либосҳои миллию замонавӣ аз матоҳои рангину пурҷилои атласу адраси тоҷик ҷоизаҳо муайян карда шуда буд, ки онҳоро Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ тақдим намуданд", - омадаст дар иттилоия.

Дар охир Эмомалӣ Раҳмон тавзеҳ додааст, ки ҳадаф аз баргузории намоиши атласу адрас дар вилояти Суғд, ки ин навъи санъат дар ин ҷо бештар рушд кардааст, баланд бардоштани ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги воло, тарбияи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либосҳои миллӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, ба касбомӯзӣ ҷалб кардани занону духтарони хонашин, ба насли оянда пешкаш кардани ҳунари аҷдодӣ ва бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав гузаронида шуд.