Ҳарчанд дар Тоҷикистон то имрӯз расман вируси корона ба қайд гирифта нашудааст, қоидаҳои пешгириро касе манъ накардааст.
Дар наворе ки канали расмии Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон дар Ютуб нашр кардааст, тарзи дурусти дастшӯиро нишон медиҳанд.
Дар навори нашршуда тавсия дода мешавад, ки зиёд дастҳоро собун кард ва дастшӯиро аз панҷаҳо сар кард. Ҳар яки онҳоро алоҳида бо собун молиш дода, сипас банди даст ва нохунҳоро ба воситаи кафи даст тоза намуд.
Табибон: дар карантин кӯшиши кӯдакдор шуданро накунед
"Даст интиқолдиҳандаи асосии бемориҳои сироятӣ аст ва барои ҳамин, зуд-зуд бояд дастҳоро шуст. Пас аз ҳоҷатхона, ҷойҳои ҷамъиятӣ, омода кардани хӯрок, хӯрдани он, нигоҳубини беморон, иртибот бо ҳайвонот шустани он ҳатмист", - таъкид мешавад дар навор.
Дар видео бори дигар ёдрас мешавад, ки ҳангоми аввалин нишонаҳои беморӣ, табъ ва нафаскашии мушкил дарҳол ба пизишкон муроҷиат кард ва ба хона табибонро даъват намуд.