Бӯстонсароҳоятонро диҳед: хомӯшии вазоратҳо ба дархости Вазорати тандурустӣ

Масъули матбуотии вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мегӯяд, вазорати тандурустӣ барои ҷойгир кардани мусофирони воридшуда аз хориҷ ба Тоҷикистон ба мушкил мувоҷеҳ шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 март — Sputnik. Бархе аз вазорату идораҳои давлатӣ дар ҳамкорӣ бо вазорати тандурустӣ заъф нишон медиҳанд ва ба назар мерасад, ҷилавгирӣ аз “вируси тоҷдор” ба мушкили танҳо ин ниҳоди соҳавӣ табдил шудааст, изҳор дошт Бибихонум Дарвешзода, сухангӯи вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба Sputnik Тоҷикистон.

Дар кадом давлатҳо коронавирус ба қайд гирифта нашудааст?

“Ҳоло ин мушкил пеш омадааст, ки афроди аз хориҷа ба Тоҷикистон воридмешударо бо қарантин фаро гирем, аммо ҷой надорем. Аз ин хотир, мо ба вазорату идораҳои дигари давлатӣ муроҷиат кардем, ки бӯстонсарову истироҳатгоҳҳои худ дар дараҳои Ромиту Варзоб ва ҷойҳои дигарро дар ихтиёри мо гузоранд. Бархе розӣ шуданд, аммо аксарият хомӯшӣ ва бетафовутиро пеша кардаанд”, - гуфт Бибихонум Дарвешзода.

Тоҷикистон яке аз охирин кишварҳои ҷаҳон аст, ки то ба ҳол дар он гирифторӣ ба “вируси тоҷдор” ё COVID – 19 расман сабт нашудааст.

Шуюъи ин маризӣ дар кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон рӯз то рӯз доман мегустарад. Ин ҳол нигарониҳоеро низ дар кишвар ба вуҷуд оварда, расонаву шабакаҳои иҷтимоӣ гоҳо омодагиҳои ҳукумат ба хотири ҷилавгирӣ аз ин вирусро низ мавриди интиқод қарор медиҳанд.

Нигаронии Вазорат: тасаввур намекунанд, ба сари мардум чӣ меояд

Сухангӯи вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон вазорату идораҳои бемасъулиятро ном набурд, аммо афзуд, ин шабу рӯз аз Русия ё тариқи он афроди зиёде аз хориҷ вориди кишвар мешаванд ва ин ҳол мушкили ҷой кардани онҳо барои қарантинро ба вуҷуд овардааст.

“Россия сегодня”: ба хотири наздиконатон дар хона бимонед

“Ҷой ҳаст, аммо ду, се, чор ё даҳ ҷой дар бемористону макони мухталифи аз ҳам дур, ки ин мушкили интиқолро низ ба вуҷуд меорад. Ба ин далел, ки ҷой набуд, мо як қисми бузурги мусофиронро дар истироҳатгоҳи Хоҷа Обигарм, 50 - километрии шаҳри Душанбе ҷой кардем. Мо аз вазорату идораҳо ҷиддан тақозо мекунем, ки бо мо ҳамкорӣ кунанд. Онҳо ҳатто тасаввур намекунанд, ки Худо нохоста, ин маризӣ ояд, ба сари мардум чӣ хоҳад омад”, - гуфт Бибихонум Дарвешзода.

Қаблан мақомот хабар дода буданд, ки мусофирони як рейс аз Маскав ба Душанбеву Хуҷандро дар Кӯлоб шинонда, 31 нафарро дар шифохонаи сироятии ин шаҳр ва бақия 151 нафарро дар шифохонаҳои шаҳри Бохтар ҷой кардаанд.

Тибқи иттилоъи расмӣ, аз 1 феврал то 25 марти соли равон 5460 нафар, ки аз кишварҳои хориҷ ба Тоҷикистон ворид гардиданд, дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳо қарантина шуда, 2002 нафар рухсат ва 3458 нафар, ба шумули 107 хориҷӣ ҳамоно таҳти назоратанд.