ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Зимнан, корбарони шабакаи иҷтимоии Фейсбук аз шаҳрвандони кишвар дархост намуданд, ки барои муайян кардани шахсияти марҳум кӯмак кунанд. Ҳамзамон пас аз роҳ ёфтани акси ҷасади шахси номаълум ҳаргуна сару садоҳо бобати омили марги ӯ баланд гардид.
Дар ҳамин робита, Раёсати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе ба таври расмӣ шахсият ва сабаби ҳалокати ҷавонмардро ифшо кард.
Ба иттилои котиботи Раёсати умури дохилӣ дар пойтахт, марҳум Шомиров Диловаршои 27 - сола, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Назаршоев будааст.
Манбаъ меафзояд, ҷасади ӯ шаби 22-юми март аз назди бинои №2 кӯчаи С. Айнии ноҳияи Шоҳмансур, бе аломатҳои марги маҷбурӣ дарёрфт карда шуд.
Дарёфти ҷасади марди 42 - сола пас аз 9 рӯзи бедаракшавӣ дар Варзоб
Гуфта мешавад, барои дақиқ муайян кардани сабабҳои марги ҷавонмард, ҷасади ӯ ро ба Маркази ҷумҳуриявии ташхиси тиббӣ - судӣ фиристода шуд.
"Дар натиҷа мувофиқи маълумотномаи Маркази ҷумҳуриявии ташхиси тиббӣ - судӣ муайян карда шуд, ки шаҳрванд Шомиров Диловаршо аз сабаби инсулти геморогӣ, атеросклерози шараёнҳои дил, якхела пурхун набудани мушакҳои дил, гипертрафияи мушакҳои дил, пур аз хуни сиёҳтоб будани ковокии дил ва рагҳои калони хунгард ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабар.
Вобата ба ин Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба иттилои шаҳрвандон мерасонад, ки дар ин ҳодиса ягон амалу кирдори ҷиноятӣ ба қайд гирифта нашудааст.