Теъдоди дардмандони коронавирус дар Ӯзбекистон ба 55 нафар расид: вазъи 4 бемор вазнин аст

Феълан 20 ҳазор шаҳрванди Ӯзбекистон дар карантин қарор доранд. Як қисми онҳо дар шароити хона ва қисмати дигар дар бемористон зери назорати пизишкон мебошанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Бар тибқи маълумоти ахири Вазорати беҳдошти Ӯзбекистон, теъдоди гирифторони маризии коронавирус ба 55 нафар афзоиш ёфтааст.

Даъвати вазорат аз аҳолӣ: хабарҳои дурӯғро бовар накунед, дар Тоҷикистон коронавирус нест

Ташхиси 13 нафари онҳо илтиҳоби шуш баромада, вазъи 4 дардманд вазнин арзёбӣ мешавад. Ҳамзамон 20 ҳазор узбекистонии дигар зери карантини шадид қарор доранд.

Ин маълумотҳоро роҳбари Хадамотии давлатии санитарӣ – эпидемиологии Ӯзбекистон Нурмат Отабеков дар мусоҳиба бо шабакаи "Ӯзбекистон-24"изҳор доштааст.

Қаблан, аз беҳбуд ёфтани вазъи 5 мубталои коронавирус дар Ӯзбекистон гузориш шуда буд.

Олимони Ӯзбекистон тестҳои худро барои ташхиси коронавирус сохтаанд

Дар ҳамин ҳол, ҳукумати ин кишвар ба хотири ҷилавгирӣ намудан аз паҳншавии маризӣ, тадобири шадидро рӯйи даст гирифтааст.

Сар аз 25 – уми март гаштугузор дар шаҳр бидуни пӯшидани ниқоби тиббӣ комилан манъ гардидааст. Ҳамчунин шурӯъ аз 24 – уми март равуойи нақлиёти ҷамъиятӣ миёни манотиқҳои Ӯзбекистон низ мамнӯъ шуда.

Дар Тошканд аз 22 – юми март ва дар Бухоро аз 24 – уми март ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ тамоман манъ гардидааст.