ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмонро дар саҳни муассисаи навбунёди таълимӣ хонандагону омӯзгорон истиқбол гирифтанд.
Тибқи иттилои манбаъ, муассисаи нави таълимӣ, бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ сохта шудааст.
Мактаб аз се ошёна иборат буда, барои 1280 ҷойи нишаст дар ду баст бунёд гардидааст.
Зимни дидор аз бинои нав Эмомалӣ Раҳмон аз фароҳам овардани шароити арзандаи таълим ба масъулон ва омӯзгорон барои тарбияи дурусти насли оянд ва дар руҳияи баланди ифтихори миллӣ ба воя расидани онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Пас аз ифтитоҳ ва шиносоӣ аз шароити Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 дар деҳоти Турсун Ӯлҷабоеви ноҳияи Эмомалӣ Раҳмон бо омӯзгорону хонандагон ва фаъолони ноҳия мулоқот анҷом дод.
Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронӣ аз шароити муҳайёгардида ба омӯзгорону хонандагон дар самти истифодаи босамари имконияти фароҳамшуда, аз худ кардани барномаҳои таълимӣ, кор бо техникаю технологияи муосир ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар доираи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” солҳои 2020-2040 қайд кард.