Мураххас мешаванд: ду маризи коронавирус дар Қазоқистон комилан шифо ёфтанд

Дар Қазоқистон ду дардманди коронавирус комилан шифо ёфтанд ва акнун аз беморхона мураххас мешаванд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Ба иттилои  Вазири иттилоот ва рушди ҷамъиятии Қазоқистон Даврон Абаев, ду қазоқистонӣ аз маризии коронавирус шифо ёфтанд.

"Муҳимтарин ахбор барои имрӯз ин сиҳат шудани ду мариз аз коронавирус мебошад. Фардо ҳар дуи онҳо аз бемористон мураххас мешаванд. Ин нахустин пирӯзии мо бар коронавирус аст ва умедворем, ки ниҳоӣ нест”, - афзудааст Абаев.

Мақомдори қазоқ барои шифо ёфтани ду мариз аз коронавирус, аз номи тамоми мардуми Қазоқистон ба намояндагони Вазорати беҳдошт ва пизишконе, ки дар табобати онҳо саҳмгузор буданд, сипосгузорӣ кард.

Вориси шоҳигарии Бритониё шоҳзода Чарлз низ мубталои коронавирус шуд

"Шумо хуб медонед, ки барои ҳар як соҳибкасб,мушоҳида кардани натиҷаи кори пурмасъули худ аз ҳама муҳим аст", - илова намудаст Абаев.

31 нафарашон дар шӯъбаи сироятӣ: дар Кӯлоб муҳоҷирони баргаштаро ба карантин фиристоданд

Қобили зикр аст, ки то имрӯз дар Қазоқистон 80 ҳолати сирояти коронавирус тасдиқ шудааст, аз он ҷумла 41 ҳодиса дар шаҳри Нур-Султон, 31 ҳолат дар Алма - Ато, ду ҳолат дар Қарағанда, ду ҳолат дар Шимкент, як ҳолатӣ дар вилоятҳои Оқтеппа, Ҷамбул ва Шимоли Қазоқистон ба қайд гирифта шудааст.