Парвози махсуси "Тоҷик - Эйр": шаҳрвандони Русияро мебарад ва тоҷикистониҳоро мебиёрад

Бар тибқи маълумоти пешакӣ, ширкати ҳавонавардии "Тоҷик - Эйр" санаи 25 - уми март бо сарнишинони рус озими Маскав мешавад ва зимнан шаҳрвандони Тоҷикистонро ба ватан мебарад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Ширкати ҳавонавардии "Тоҷик - Эйр" азм дорад, санаи 25 - уми март парвоз самти Душанбе - Маскав - Душанбе анҷом диҳад, хабар медиҳад сафорати Русия дар Тоҷикистон.

"Тибқи маълумоти мавҷуда, рӯзи 25 март соати 18:45 (бо вақти маҳаллӣ) парвози махсуси Тоҷик Эйр 7J 627 аз Душанбе самти Маскав эълон гардидааст", - омадааст дар хабари сафорат.

Қайд карда мешавад, ки ин парвоз ба фурудгоҳи Домодедово фиристода мешавад, то шаҳрвандони Русияро ба Маскав интиқол диҳад ва инчунин шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки бинобар баста шудани сарҳадот ва бекор кардани парвозҳо дар фурудгоҳи Маскав дармондаанд, ба ватан биёрад.

Кистанд онҳо? "Сомон Эйр" 189 мусофирро ба Маскав овард

Қаблан, сафири фавқулодда ва мухтори ҷумҳурӣ дар Федератсияи Русия Имомуддин Сатторов гуфта буд, ки вазъи мусофирон дар фурудгоҳҳо бинобар бекор кардани парвоз таҳти назорат қарор дорад.

Ба Русия сафар доред? "Сомон эйр" аз парвоз ба Маскав хабар дод

Ёдовар мешавем, ки аз 20 март Тоҷикистон бо мақсади пешгирии паҳншавии коронавирус дар қаламрави худ алоқаи ҳавоӣ бо дигар кишварҳоро қатъ кард. Дар робита ба ин, бисёре аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ наметавонистанд аз фурудгоҳҳои Маскав ба Душанбе парвоз кунанд.