Кӯмаки Русия ба Италия: мутахассис, таҷҳизот ва маводи доруворӣ - навор

Чордаҳ ҳавопаймои ИЛ-76-и нерӯҳои ҳавопаймоии Русия барои кӯмак дар мубориза бо коронавирус ба Италия парвоз карданд.
Sputnik

Чархболҳо аз фурудгоҳи Чкаловский (вилояти Маскав) самти Рим  ирсол гардиданд. Гуфта мешавад, чархболҳо ҳомили тамоми таҷҳизот ва дорувориҳо буда ҳамчун кӯмак ба Италия дар самти пешгирӣ аз паҳншавии ин маризӣ фиристода шуданд.

Даҳшати коронавирус дар Испания: беморони рӯи фарш хобида - навор

Зимнан, савори ин чархболҳо эпидемиологҳо ва вирусшиносҳои рус низ ба Италия барои расонидани кӯмак ирсол шуданд.

Пас аз мувофиқа бо ҷониби Италия дар бораи тадбирҳои пешгирӣ ва дезинфексия, онҳо ба иҷрои вазифаҳои пешбинишудаи худ шурӯъ мекунанд.

Аввалин ҳавопаймоҳои Русия ба пойтахт шахсан аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Италия пешвоз гирифта шуданд.

Таваҷҷӯҳи мардуми маҳаллӣ ба кӯмакҳои ирсолшудаи Русияро аз навори мазкур тамошо кунед.