ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Созмони авқофи исломии Қудс, дар баёнияе таъкид кард, ки ин тасмим бино ба тавсияи динӣ ва пизишкӣ дар шаҳри Қудс, ба манзури ҷилавгирӣ аз интишори коронавирус в ва ҳифзи ҷон ва саломати шаҳрвандон гирифта шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Parstoday”.
Дуои дастаҷамъӣ алайҳи коронавирус: оғози рӯзи ҷумъа дар Тоҷикистон
Дар ҳамин ҳол, созмони авқофи исломии Қудс қайд кардааст, ки азон ҳамчунон дар Масҷидулақсо пахш хоҳад шуд.
Созмони авқофи исломии Қудс тамомии фаластиниёнро ба ҳамкорӣ ва ҳамдилӣ ва риояти усули беҳдоштӣ, ба манзури гузар аз ин бӯҳрон, ки домани ҷаҳониёнро гирифтааст, фаро хонд.
Хоҳиши муфтиёти шаҳри Маскав аз мусалмонон: намозро муваққатан дар хона бихонед
Вазорати беҳдошти режими саҳюнистӣ дар тозатарин омори худ эълом кард, 1071 исроилӣ ба коронавирус мубтало шудаанд,ки ҳоли 20 нафар аз онон вахим аст ва як нафар низ дар Қудси ишғолӣ фавт кардааст.