Аҳмадзода Раҳмонро ба Иди картошка бурд: духтарон бо котлет пешвоз гирифтанд - Акс

Sputnik

Дар вилояти Суғд бахшида ба таҷлили Наврӯз ва сафари президент ба вилоят Иди картошка, нон ва асал баргузор шуд. Имрӯз, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ки ташаббускори таҷлили иди картошка аст, бо президент Эмомалӣ Раҳмон ба иди мазкур рафтанд.

Блюда из картофеля на празднике молодой картошки
Дар Тоҷикистон Иди картошка таҷлил мешавад
Чорабинии мазкур дар Боғи Камоли Хуҷандӣ доир гашта, намоишгоҳ аз се қисми асосӣ - намоишгоҳи нонҳо, асал ва картошка иборат будааст, ки дар он 18 шаҳру навоҳии вилоят ширкат кардаанд.

Дар гӯшаи дигар бошад занбурпарванрон маҳсулоти хешро ба намоиш гузошта аз дастовардҳои истеҳсолии худ ба раҳбари кишвар гуфтаанд.

Имсол ба иловаи дигар идҳо дар Тоҷикистон иди картошка низ ҷорӣ шуд, бори нахуст имрӯз таҷлил шуд.

Дафтари матбуотии раисиҷумҳур мегӯяд, дар гушаи дигари намоиши дастовардҳо хоҷагиҳои картошкапарвари вилоят фаъолона иштирок карда, навъҳои гуногуни картошка ва таомҳои аз картошка омодашударо ба маъраз гузоштанд.

Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода директори Институти боғпарварӣ Александр Таранов
Аз картошка то боғпарварӣ: мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо Александр Таранов
Хоҷагиҳои картошкапарвари шаҳру ноҳияҳои вилоят 12 навъи ин маҳсулоти ниёзи аввал, аз қабили Тоҷикистон, Файзобод, Заррина, ред, гала, якка, пикассо, розара, ред фантазия, шукрона, овчиро ба намоиш бароварданд.    

Эмомалӣ Раҳмон дар поёни намоиш ба сокинони вилоят барои истифодаи самараноки замин, афзоиши истеҳсоли маҳсулот, таъмини бозорҳои дохилӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи мамлакат дастуру супоришҳо дод.