“Тарроҳон маълуманд”: Раҳмон аз куштори Ҳувайдуллоеву прокурорҳои дигар гуфт

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, ҳафтаи гузашта, зимни ҳамоиш бахшида ба иди касбии кормандони додситонӣ аз Нурулло Ҳувайдуллоев, нахустин додситони кул ва кушташудаҳои дигар аз ин мақомот ёд кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 мар— Sputnik. Раҳмон гуфт, кормандони мақомоти прокуратура  ҳеч гоҳ фаромӯш нахоҳанд кард, ки 24 августи соли 1992 дар авҷи низоъҳои дохилӣ ҷинояткорони силоҳбадаст аввалин Прокурори генералии Тоҷикистон шодравон Нурулло Ҳувайдуллоев ва ронандаи ӯро бераҳмона ба қатл расонданд.

Боз хабар медиҳем: ВКД лаҳзаи истирдод ва бозпурсии Хӯҷа Командирро нишон дод - Навор

Юсуф Раҳмон изҳор дошт, ки ин танҳо талафоти ҷонии мақомоти прокуратура набуда, чандин пафари дигар кушта шуданд.

"Аз ҷумла прокурори ноҳияи Нуробод, он замон Комсомолобод - Маҳмадхоҷа Касиров, прокурори ноҳияи Панҷ - Саидраҳмон Маҳмадов, муфаттиши прокуратураи шаҳри Бохтар, пешина Қӯрғонтеппа - Иброҳимҷон Ғайбуллоев, ёрдамчии прокурори ноҳияи Хуросон - Мунаввар Сулаймонов кушта шуданд, ки номашон дар таърихи мақомот ҳамеша сабт аст", -гуфт Юсуф Раҳмон.

Ӯ зикр намуд, ки солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ бо дассисаи душманони дохилию хориҷӣ, кишвар ба вазъи ногувори сиёсиву иҷтимоӣ печида, рукнҳои давлатдорӣ фалаҷ гардида буданд.

Эмомалӣ Раҳмон: Ҷанги Тоҷикистон аз масҷидҳои Хатлон оғоз ёфта буд

"Куштори мардуми бегуноҳ, тарафдорони сохти конститутсионӣ, арбобони давлатӣ ва ҷамъиятӣ, роҳзанӣ ва ғоратгарӣ, ки тарроҳҳони он ба ҷомеа ва миллати сарбаланди тоҷик муайян аст, умед ба фардои дурахшонро аз баӣн бурда буд. Дар чунин вазъ зарфияти фаъолияти мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла прокуратура низ кам гардида, ҳатто амнияти кормандон таъмин набуд", - таъкид кард додситони кулли Тоҷикистон.  Ӯ гуфт, тарроҳон барои ҷомеа ва миллат маълуманд, аммо мушаххас аз нафару гуруҳе ном набурд.

Дар мавриди хатарҳои замони муосир Юсуф Раҳмон аз вазъи геополитикии ҷаҳон ва афзоиши тахдиду хатарҳои нав, бахусус, терроризму экстремизм гуфт,  ки метавонанд, ба амният ва манфиатҳои милливу давлат таъсир гузоранд.

Раҳмон гуфт, ҷонибдори бардоштани ҳаводиси ҷанги шаҳрвандӣ нест ва шарҳ дод чаро

Ӯ таъкид намуд, ки дар чунин вазъ барои ҳифзи волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, муқовимат бо терроризму экстремизм, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои давлат, ҷомеа ва шаҳрвандон талошҳои бештар тақозо мешавад.

"Аз ин рӯ, бо мақсади тақвияти нақши мақомоти прокуратура дар мубориза бо хавфи афзояндаи терроризм ва экстремизм дар сохтори дастгоҳи марказии Прокуратураи генералӣ,  раёсати муқовимат бо терроризм, экстремизм ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллӣ, инчунин, шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳои кибернетикӣ таъсис дода шуданд", - хабар дод Юсуф Раҳмон.

Ӯ таъкид намуд, ки кормандони мақомот фаъолиятро бо назардошти замони муосир роҳандозӣ кардаанд.