ДУШАНБЕ, 23 мар – Sputnik. Коронавирус дар Ӯзбекистон боз дар ду нафари дигар ёфт шудааст, феълан шумораи гирифторон ба 45 нафар расид, хабар медиҳад Вазорати тандурустии кишвар.
"Ҳолатҳои нави сироятёбӣ дар ашхосе тасдиқ шуд, ки бо нафарони аз хориҷи кишвар омада ва гирифтори COVID-19 буда, алоқа доштанд", - омадааст дар хабарнома.
Оғоз аз 24 марти соли равон дар Ӯзбекистон ҳаракати нақлиёт миёни ҳамаи минтақаҳои кишвар маҳдуд карда мешавад. Аз рӯзи 22 март ҳаракати нақлиёт дар шаҳри Тошканд маҳдуд шуд.
Дар баробари ин ҳамаи иншооти ҳаётан муҳим аз қабили мағозаҳо ва дорухонаҳо фаъоланд.
Пандемияи коронавирус
Зуҳури коронавирус авохири моҳи декабри соли 2019 дар Вуҳани Чин ба қайд гирифта шуду дарҳол дар дигар кишварҳо паҳн шуд.
Миёнаҳои моҳи март Созмони ҷаҳонии беҳдошт коронавирусро пандемия эълон кард.
Бино ба гузориши СҶБ то рӯзи 22 март дар 188 кишвари ҷаҳон беш аз 315 кас гирифтори коронавирус шудааст. Беш аз 13,5 ҳазор бемор фавтида ва наздики 96 ҳазор кас шифо ёфтааст.