ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Баъди чанд моҳ доллар боз баландтар мешавад, мегӯяд коршиноси рус Иван Копейкин.
Бино бар пешбинии иқтисодшинос, дар пайи пандемияи коронавирус ва арзон шудани арзиши нафт, рубл боз поён меравад.
"Вазъ бо муфлис шудани ширкатҳои гуногун бадтар хоҳад шуд. Боз як маротиба рубл беқурб мешавад, аммо ба назари ман, он баъди чанд моҳ сурат хоҳад гирифт", - мегӯяд коршинос.
Ба гуфтаи Копейкин, ҳафтаҳои оянда низ нафт ва коронавирус ба арзиши рубл таъсир хоҳанд кард.
Иқтисодшинос таъкид мекунад, ки дар ин ҳолат амали бонкҳои миллии ҷаҳонӣ бозори асъорро ба эътидол дароранд. Аз ҷумла, бонкҳои Амрико, Англия, Ҷопон, ва Чин аллакай меъёри бозтамвилро паст кардаанд ва ҳавасмандии иқтисодиро васеъ намудаанд.
"Амалиётҳои Бонки марказии Русия низ рублро аз тамоман беқурб шудан, ҳифз хоҳанд кард. Ба назари ман, дар ин ҳолат фурӯши иловагии асъор ва музояда айни муддао хоҳад буд", - меафзояд коршинос.
Кумаки хоксорона: БОР ба ҷумҳурӣ барои муқовимат бо коронавирус 100 ҳазор доллар медиҳад
Ӯ ҳадс мезанад, ки кишварҳои узви ОПЕК+ ба наздикӣ дар бораи коркарди нафт гуфтушунидҳоро оғоз хоҳанд кард.
"Шахсан ман ба воҳима афтиданро тавсия намедиҳам. Эҳтимол аз 82 боло рафтани доллар ва аз 90 берун ҷаҳидани евро ҳоло дақиқ нест", - хулоса мекунад вай.