Гиряи пизишки эронӣ: сахте, хеле сахте, 23 рӯз аст, ки хонаводаамро надидам - навор

Пизишк эронӣ, ки дар як наворе аз мардум хоҳиш намудааст, ки ба онҳо раҳм кунанду дар хона бимонанд то ҳарчи зудтар коронавирус аз ин кишвар решакан шавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 мар – Sputnik. Пизишк Муқаддасӣ аз шаҳри Машҳади Эрон, ки дар бемористони имом Ризо фаъолият мекунад, дар як навори дилшикан аз мардуми Эрон хоҳиш кардааст, ки ба пизишкон раҳм кунанд, ба берун набароянд ва дар хона бимонанд.

Вай мегӯяд, ба далели мушкил будани вазъ 23 рӯз аст, ки аз бемористон берун нарафтааст ва фарзанду наздиконашро надидааст.

 “Шумори беморон рӯз аз рӯз зиёд мешавад. Ман 23 рӯз аст бачаҳома надидам. 23 рӯз аст хонаводаамро надидам. Сахте, хеле сахте. Як каме таҳомул кунед бишенед дар хонаҳоятон. Як каме дилотон ба ҳоли мо бисузад. Мо инҷо даргир шудем”, - мегӯяд Муқаддасӣ.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Эрон эълон кардааст, ки дар ин кишвар вазъи саломатии беш аз ҳашт ҳазор нафаре, ки ба коронавирус мубтало шудаанд, беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Киёнуши Ҷаҳонпур, раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон ахиран дар шаҳри Теҳрон дар ҷамъи хабарнигорон таъкид кардааст, ки дар ҳоли ҳозир шумори умумии мубталоён ба коронавирус 20 ҳазору 610 нафарро ташкил медиҳад.

Мақомоти Эрон: шумори беҳбудёфтагон аз коронавирус наздик ба 8000 ҳазор нафар расид

Дар баробари ин вай таъкид доштааст, ки мутаассифона, дар як рӯзи ахир ба сабаби коронавирус 123 нафар ҷони худро аз даст доданд.

Дар ҳамин ҳол шумори умумии даргузаштагон бар асари ин беморӣ дар Эрон 1556 нафарро ташкил додааст.

Ҳамзамон бо иқдомоти пешгирона ва дармонии давлати Эрон бо кӯмаки нерӯҳои мусаллаҳ, фароянди ташхиси зудҳангом, радёбии афроди дар тамос бо мубталоён, ҷудосозии беморон (карантин) ва дармони афроди мубтало ба коронавирус, бо ҳамроҳии ҳамаи қишрҳои мардуми Эрон басуръат дар ҳоли анҷом аст.