Бо базми карнаю сурнай: таҷлили Наврӯз 2020 дар Хуҷанд – гузориши аксӣ

Sputnik

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамроҳ бо раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, консерти идонаро бо иштироки ҳунармандони шинохтаи кишвар тамошо кард.

Дар варзишгоҳи барои тамошои барномаҳои идона беш аз 10 ҳазор нафар ҷамъ омада буданд. Инчунин, тоҷикистониёне, ки берун аз кишвар ҳастанд имкон доштанд тариқи пахши мустақим аз интернет ва телевизиони моҳвораӣ барномаҳои консертиро аз варзишгоҳ тамошо кунанд.

Таҷлили Наврӯз 2020 дар Хуҷанд - видео

Сокинон барои тамошои барномаҳои идона ба варзишгоҳ омаданд.

Барномаҳои идона бо барномаҳои рангоранг оғоз ёфта бо оташбозии зебо анҷом ёфт. Сипас Эмомалӣ Раҳмон, шахсан аз мардум ва ҳунармандон барои баргузор намудани базми ҷолиб изҳори сипос кард.

Дар Тоҷикистон имрӯзҳо аз ҷашни аҷдодии Наврӯзи Аҷам ҷашн гирифта мешавад. Ҳарчанд қаблан СҶБ бо ирсоли як нома унвонии дастгоҳи раисҷумҳур дархост карда буд, ки аз баргузории ин ҷашн худдорӣ варзанд.

Дар Тоҷикистон ҷашни имсолаи Наврӯзро дар пасманзари нигарониҳо аз коронавирус таҷлил мекунанд.

Мақомоти кишвар борҳо таъкид намудааст, ки ҳанӯз дар кишвар касе ба ин вирус мубтало нашудааст ва ба ҳамин далел коронавирус монеи таҷлили ҷашни Наврӯз нашуданд.

Наврӯзи байналмилалӣ имсол ба Тоҷикистон 20  - уми март, соати  08:50 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ расид. Зимнан, бо қарори раисҷумҳури Тоҷикистон сар аз 21 - уми март то як ҳафта дар саросари Тоҷикистон аз Наврӯз ҷашн гирифта мешавад.

Наврӯз – ҳамчун қадимтарин ҷашни то ба имрӯз боқимонда, дар моҳи сентябри соли 2009 ба феҳрасти осори фарҳангии инсонияти ЮНЕСКО шомил гардид ва дар поёни моҳи феврали соли 2010 аз ҷониби Маҷмаи 64-уми Анҷумани кулли СММ 21 март "Рӯзи байналмиллалии Наврӯз" эълом карда шуд.

1 / 14
Дар тантанаҳои наврӯзи президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ширкат кард
2 / 14
Консерти идона бо иштироки садҳо ҳунармандони кишвар баргузор гардид
3 / 14
Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд таҷлили Наврӯз 2020 баргузор гардид
4 / 14
Сокинон ба варзишгоҳ барои тамошои барномаҳои идона бо либосҳои зебо омаданд
5 / 14
Оғози барномаҳои идона дар варзишгоҳи вилояти Суғд
6 / 14
Ҳунармандон барои тамошобинон барномаҳои ҷолиби рангоранд пешкаш карданд
7 / 14
Пӯхту пази Суманак - яке аз рамзҳои наврӯз
8 / 14
Маликаи Наврӯз бо либоси 5 метра, ба барномаи консертӣ ҳусни оғоз бахшид
9 / 14
Дар варзишгоҳи барои тамошои барномаҳои идона беш аз 10 ҳазор нафар ҷамъ омада буданд
10 / 14
Тоҷикистониёне, ки дар кишварҳои хориҷӣ кору зиндагӣ мекунанд, имкон доштанд тариқи пахши мустақим аз варзишгоҳ тамоми барномаҳои наврӯзиро тамошо кунанд
11 / 14
Таҷлил ҷашни Наврӯз дар вилояти Суғд
12 / 14
Празднование Навруза в Худжанде
13 / 14
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамроҳ бо раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, консерти идонаро бо иштироки ҳунармандони шинохтаи кишвар тамошо кард
14 / 14
Эмомалӣ Раҳмон, шахсан аз мардум ва ҳунармандон барои баргузор намудани базми ҷолиб изҳори сипос кард