ДУШАНБЕ, 21 мар – Sputnik. Аз ин рӯ бояд талош варзанд то тамоми тадобири пешгирифта баҳри ҷилавгирӣ аз ин маризиро риоя кунанд.
"Имрӯз ман барои ҷавонон паём дорам: шумо фориғбол нашавед. Ин вирус метавонад якчанд ҳафта шуморо ба беморхона барад ва ё ҳатто кушад. Аз ин рӯ аз эҳтиёт кор бигиред", - илова намудаст Тедрос Адҳан Гебребс.
Теъдоди мубталоёни коронавирус дар Ӯзбекистон ба 33 нафар расид
Қобили зикр аст, ки алъон теъдоди мубталоёни коронавирус дар саросари ҷаҳон ба беш аз 270 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст.
То имрӯз дар Италия беш аз 4000 нафар ҷони худро аз даст доданд, кишварест, ки ҳоло аз шумораи фавтидагон аз Чин низ пеш гузаштааст. Испания 1000 маргро аз сар гузаронид ва тақрибан 25 ҳазор дардманди ин маризиро дорад.
Дар Фаронса 450 фавт аз шумораи умумии сироятёфтагон, ки 12 612ташкил медиҳанд, ба қайд гирифта шудааст.