ДУШАНБЕ, 20 мар - Sputnik. Ба гуфти ҳамкорони Абдусаттор Нуралиев, ӯ шаби 20 март дар синни 78 солагӣ, дар манзили зисташ даргузашт.
Ба гуфти наздикони профессор, маросими ҷанозаи ӯ соати 13:00 дар маҳаллаи 104-уми ноҳияи Синои пойтахт баргузор мешавад.
Абдусаттор Нуралиев 22 августи соли 1941 дар ноҳияи Қӯшработи вилояти Самарқанди Ӯзбекистон таваллуд ёфта, баъди хатми мактаби миёна ба Факултети журналистикаи Донишгоҳи давлатии Қазоқистон дохил шуда, пас аз хатми он соли 1968-ум ба Шӯъбаи журналистикаи факултети филологии тоҷикии ДДМТ ба кор омадааст.
Фаъолияти омӯзгорӣ ва илмиву эҷодии Нуралиев дар факултети филология ва журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон идома фта, аз соли 1993 то ба соли 1996 декани факултети журналистика, солҳои 1996 - 2001 мудири кафедраи журналистика ва адабиёти хориҷии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.
Доктор Нуралиев, аз моҳи сентябри соли 2003 профессори кафедраи журналистикаи Донишгоҳи Россияву Тоҷикистон буд ва дар ҳамин макон ба донишҷӯён дарс мегуфт.
Пажуҳишҳои профессори тоҷик бештар ба самти журналистика ва равобити адабии тоҷику қазоқ равона шудааст.
Китобу дастурҳои Нуралиев аз қабили "Жанрҳои ахбории матбуот" (соли 2007), "Асосҳои ҳуқуқии журналистика" (соли 2005), "Таърихи журналистикаи кишварҳои хориҷӣ" (соли 2003) "Адабиёти халқҳои Осиёи Марказӣ" (соли 1994), "Абай ва адабиёти тоҷик" (соли 1995) ва ҳамчунин садҳо мақолаҳо аз беҳтарин пажӯҳишҳои ӯянд.