Алорағми дархости СҶБ: Тоҷикистон Наврӯзро бошукӯҳ ҷашн мегирад - акс

Sputnik

Наврӯзи байналмилалӣ имсол ба Тоҷикистон 20  - уми март, соати  08:50 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ расид. Зимнан, бо қарори раисҷумҳури Тоҷикистон сар аз 21 - уми март то як ҳафта дар саросари Тоҷикистон аз Наврӯз ҷашн гирифта мешавад.

Флаг США, Архивное фото
Ҳушдори сафорати Амрико ба шаҳрвандонаш: агар Тоҷикистонро тарк карданӣ бошед, шитобед

Ба иттилои котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон ҷорабинии асосӣ фардо  дар шаҳри Хуҷанд бо ҳузури роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад.

Дар ҳамин ҳол фазои пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе имрӯз идона буда, ҳамагон бо либоси ороста ба тамошои шаҳр баромадаанд.

Тамоми гӯшаву канори Душанбе бо суманаку дигар ороишоти наврӯзӣ оро дода шудаааст.

Пардаи оҳанин: кадом кишварҳо аз тарси коронавирус сарҳадашонро бастанд - видео

Бонувони тоҷик бо суманаки қадрасидаи коштагии худ ба хонаи ҳам ба меҳмонӣ рафта ҳамчунин дастаҷамъона дар ҳалқаи хонаводаи худ сайру тамошо баромаданд.

Ҷашни Наврӯзи Аҷам дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки қаблан Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт бо ирсоли нома ба дастгоҳи расиҷумҳур даъват намуда буд, ки Тоҷикистон аз баргузории чорабиниҳои оммавӣ дар пасманзари бурузи маризии сироятии коронавирус дар ҷаҳон, худдорӣ кунад.

Бояд гуфт, ки аксар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар робита ба бурузи маризии коронавирус баргузории Наврӯзи оламафрӯзро манъ намуданд.

Тоҷикистон ва Туркманистон миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ феълан аз ин маризии даҳшатбор дар амон мебошанд.