Тоҷикистониён хушбахттар аз сокинони Русияанд, Ӯзбекистон-пешсаф

Тоҷикистон дар радабандии кишварҳои хушбахти ҷаҳон се зина пеш рафта, соли равон мақоми 71-умро гирифтааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 мар - Sputnik. Финландия, Дания ва Швейтсария ба сегонаи кишварҳои хушбахттарин шомил гардидаанд,  таъкид шудааст дар гузориши ҷадиди “World Happiness Report”, ки дар Рӯзи хушбахтӣ – 20 март нашр гардид.

Як соли зиндагии Светлана ва Довуд: шавҳари тоҷик ҳаёти рӯзноманигори русро тагу рӯ кард

Гузоришгарон дараҷаи хушбахтии тоҷикистониёнро дар қиёс ба сокинони Русия ду зина пеш баҳогузорӣ кардаанд. Русия дар ин радабандӣ мавқеи 73-юм дорад.

Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ хушбахттарин Ӯзбекистон мебошад, ки дар дар зинаи 38-ум ҷой гирифтааст. Сипас Қазоқистон - соҳиби ҷойи 50-ум мебошад. Қирғизистону Туркманистон мутаносибан дар миёни 153 кишвари ҷаҳон ҷойҳои 74 ва 95 гирифтаанд.

Вазъи Афғонистон дар қиёс бо соли гузашта боз бадтар шудааст. Агар соли пешӣ Афғонистон ба сегонаи кишварҳои бадбахт шомил шуда буд, имсол расман бадбахттарин кишвар дар ҷаҳон эътироф шудааст.

Рӯза барои нерӯмандон: дар Рамазон чӣ корҳо раво асту чӣ нораво

Радабандӣ бар асоси назарпурсии сокинони кишварҳои гуногуни ҷаҳон дар бораи зиндагияшон бо назардошти вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва омилҳои дигар таҳия шудааст.

Инчунин радабандии шаҳрҳои хушбахти ҷаҳон бар асоси назарпурсии сокинонаш таҳия шудааст, ки дар он Душанбе миёни 186 шаҳри ҷаҳон дар ҷойи 106-ум қарор гирифтааст. Душанбе аз нигоҳи суръати таҳаввулот дар ҳаёти сокинонаш ба феҳрасти шаҳрҳои пешсаф шомил гардидааст.