Тағйироти кадрӣ: пешниҳоди Раҳмону розигии Маҷлиси миллӣ

Дар ҷаласаи Маҷлиси миллии Тоҷикистон, таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев тафсилоти бештари тағйироти кадрӣ, ки раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар мақомоти додситонӣ пешниҳод кард, маълум шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Аз миёни муовинони прокурори генералӣ як нафар ба нафақа фиристода шуда, боқимонда ба мақомҳои нав таъйин гардиданд.

Аз Кабирӣ то коронавирусу "Бародарони мусалмон": гузориши Раҳмон дар парлумон

Бо пешниҳоди президент ва розигии Маҷлис, Ҳотам Назарзода аз вазифаи муовини аввали додситонии кулли Тоҷикистон ба нафақа баромад.

Муҳаммадиброҳим  Осимзода аз мақоми ноиби додситони кул озод ва додситони  шаҳри Ҳисор таъйин гардид. Валӣ Ваҳобов низ ки то ҳол муовини додситони кул буд,  ноиби додситони вилояти Суғд таъйин шуд.

Инчунин бо пешниҳоди президент, Сафаралӣ Мирзозода аз вазифаи Сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон бо сабаби муовини фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадӣ таъйин гардиданаш озод карда шуд.

Дар феҳрасти афроди навтаъйин дар Додситонии кул, аз ҷумла Абдуғаффор Ҳикуматуллозода, муовини якуми додситони кул, Дилшод Талбакзода ва Мирзоамон Рофизода муовинони додситони кул ва Икром Зоирзода ноиби додситони кул -Сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон номбар шуданд.