Олими тоҷик дақиқ намуд, ки Наврӯз имсол кай ва соати чанд ба Тоҷикистон мерасад

Олими тоҷик, тибқи ҷадвали астрономӣ дақиқ намудаст, ки имсол Наврӯзи байналмилалӣ кай ва соати чанд ба Тоҷикистон мерасад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Гулчеҳра Қоҳирова, мудири Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикисатон санаи дақиқи расидани Наврӯзи Аҷам ба Тоҷикистонро таъйид кардааст, хабар медиҳад агентии "Ховар".

Эмомалӣ Раҳмон барои таҷлили Наврӯз ба Хуҷанд меравад

Ба изҳори Қоҳирова, Наврӯзи байналмилалӣ имсол ба Тоҷикистон 20  - уми март, соати  08:50 дақиқа ба вақти маҳаллӣ мерасад.

Наврӯз 2020: таърих ва анъанаҳои ҷашни қадимӣ

Бино ба маълумоти олимаи тоҷик, тибқи ҷадвали астрономӣ, соли 2020 рӯзи 20 март, соати 03:50 дақиқаи вақти ҷаҳонӣ Офтоб аз байни нуқтаи эътидоли баҳорӣ мегузарад.

"Лаҳзаи гузаштани Офтоб аз байни нуқтаи эътидоли баҳорӣ ба як сония баробар ҳаст. Инчунин дар ин вақт боз як падидаи ҷолиб- баробаршавии шабу рӯз ба вуҷуд меояд.  Фосилаи вақти байни ду гузашти пайдарҳамии Офтобро аз байни нуқтаи эътидоли баҳорӣ соли астрономӣ  меноманд", - афзудааст Гулчеҳра Қоҳирова.

Дар Маскав таҷлили Наврӯз лағв шуд
Ёдовар мешавем, ки Наврӯзи имсола  22-юми март дар варзишгоҳи "20-солаги Истиқлолияти Тоҷикистн" дар шаҳри Хуҷанд доир мегардад.
Интизор меравад, дар чорабинии мазкур Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳури Тоҷикистон низ ширкат варзад.

Таҷлили ҷашни асосии Тоҷикистон бояд аз 20 то 26 март дар Хуҷанд баргузор мешуд, аммо баргузории он аз сабаби паҳншавии коронавирус дар кишварҳо зери суол рафта буд.

Дар кишварҳои ҳамсоя баргузории ҷашнҳои наврӯзӣ аз ҷумла дар Ӯзбекистон бинобар сабаби паҳншавии коронавирус лағв карда шуд.