Ниқоби тиббӣ надоред? боке не, тамошои ин навор мушкили шуморо ҳал мекунад

Камчинии ниқоби тиббӣ феълан дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳамзамон дар Русия мушоҳида мешавад. Наворе, ки ин ҷо коштем ба мушкили танқисӣ аз ниқоб шояд расидагӣ кунад
Sputnik

Дар шабакаи иҷтимоии YouTube як корбар тарзи омода кардани ниқоби тиббиро нишон додааст, ки бисёр саҳл ва ҳамзамон камхарҷ аст.

Фурӯшандаҳои беинсоф дар Арабистон: ниқоби тиббӣ 17 баробар гарон шуд

Ин корбари шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯяд, ниқоби пешниҳоднамудаи ӯ агар сад фисад не, лоақал каме ба мушкили одамон расидагӣ кунад. Барои омода кардани ниқоби тиббӣ танҳо ду мавод лозим аст, яке сачоқи қоғазӣ ва дигаре "резинка" - и борик.

Номбурда сачоқро дуқат намуда аз ду тараф онро бо резинка маҳкам намудааст. 

Мусодираи 3000 ниқоби тиббӣ аз мусофири хатсайри "Қазон-Душанбе"

Бояд гуфт, ки камчинии ниқоби тиббӣ дар замони хуруҷи маризии коронавирус мардуми дар воҳимаафтодаро боз нигаронтар намудааст. Бархе соҳибкорон ва соҳибони дорухонаҳо аз вазъияти феъли суиистифода намуда, арзиши ниқобро якбора боло бардоштанд.

Барои мисол, дар Арабистони Саудӣ нархи ниқоб ба андозаи 17 маротиба гарон шудааст. Чунин вазъият дар Тоҷикистон ва Русия низ мушоҳида мешавад. Сокинон аз он шикоят мекунанд, ки дилхоҳ дорухона ба дархости онҳо барои харид кардани ниқоб, танҳо як ҷавоб доранд, ки "ниқоби тиббӣ" нест.

Ин дар ҳолест, ки Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт пӯшидани ниқобро яке аз роҳҳои пешгирӣ аз маризии коронавирус унвон мекунад.