Муроҷиати Кумитаи сайёҳии Тоҷикистон барои худдорӣ аз сафар ба хориҷу дохил

Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон дар робита ба хуруҷи COVID-19 хостааст, ташкили сафари сайёҳони дохилию хориҷӣ мутаваққиф шавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Кумита аз ширкатҳои сайёҳӣ ва дӯстдорони сайру саёҳат хоҳиш намудаст, ки то муътадил гардидани вазъият аз ташкили саёҳати шаҳрвандони Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ва аз хориҷ ба ҷумҳурӣ муваққатан худдорӣ намоянд, хабар дод “Ховар”.

Вазири беҳдошти Ҳолланд ҳангоми баҳси коронавирус дар парлумон беҳуш шуд - навор

“Хуруҷи вируси сироятии COVID-19 аксари кишварҳои ҷаҳонро фаро гирифта, аз мо масъулияти баланди пешгирии роҳҳои паҳншавии он тавассути ҳамкории дастаҷамъонаро дар ин самт тақозо менамояд”, - омадааст дар муроҷиатномаи Кумитаи сайёҳӣ.

Манбаъ таъкид кардааст ки хуруҷи вируси сироятии COVID-19 дар айни замон соҳаи сайёҳиро яке аз бахшҳои аз ҳама осебпазир гардонидааст ва ниҳоди байналмилалии соҳавӣ — Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ дурнамои рушди соҳаро дар робита ба воридоти туризми байналмиллалӣ дар соли 2020 таҷдиди назар кардааст.

Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон тавзеҳ додаст, ки тадбири худдорӣ аз сафарҳо ба хотири эмин нигоҳ доштани шаҳрвандони мамлакат аз ин маризии сироятист, ки соат ба соат дар кишварҳои ҷаҳон доман паҳн мекунад.