ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Пизишкони Чин доруи муассир алайҳи маризии коронавирусро пайдо намуданд, ки ин дору Авиган мебошад, хабар медиҳад шабакаи NHK.
Маркази миллии рушди биотехнология ин доруро барои табобати 320 маризи коронавирус озмоиш намуданд ва натиҷа низ босамар будааст.
Бонуи 103-солаи эронӣ коронавирусро шикаст дод
Ба гуфтаи пизишкон, нафароне, ки доруи Авиган истеъмол намуданд, таби онҳо давоми 2,5 рӯз мӯътадил шуд ва ҳамзамон давоми 4 - 5 рӯз аз сулфа кардан низ раҳо шуданд.
Зимнан, бо гузашти чаҳор рӯз маризоне, ки ин доруро хӯрда буданд, натиҷаи ташхиси онҳо манфӣ баромад ва онҳо комилан сиҳат ёфтанд.
Бар тибқи маълумоти ахир, дар ҷаҳон беш аз 200 ҳазор нафар мублатои маризии коронавирус мебошанд. Ҳамзамон беш аз 8 ҳазор нафар бар асари гирифтор шудан ба ин беморӣ ҷон аз даст доданд.