Кумитаи рушди сайёҳӣ ба ширкатҳо: аз ташкили саёҳати хориҷиён муваққатан худдорӣ кунед

Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳӣ тавсия додааст, ки то муътадил гардидани вазъият аз ташкили саёҳатҳои ҳам шаҳрвандони дохилӣ ба хориҷи  Тоҷикистон ва ҳам шаҳрвандони кишварҳои дигар ба Тоҷикистон муваққатан худдорӣ кунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 март — Sputnik. Ин тавсия зимни вохӯрии Ширин Амонзода, роҳбари Кумитаи рушди сайёҳӣ бо роҳбарону намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ ва коршиносон пешниҳод гардидааст, хабар медиҳад “Ховар”.

Кумитаи рушди сайёҳӣ: дар соли гузашта беш аз 157 ҳазор ҷаҳонгарди рус ба Тоҷикистон омад

Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон гуфтааст, тадбири мазкур  ба хотири эмин нигоҳ доштани шаҳрвандони Тоҷикистон аз бемории коронавирус- COVID-19, ки рӯз ба рӯз дар кишварҳои ҷаҳон доман паҳн мекунад, андешида шудааст.

Дар вохӯрӣ коршиносон низ оид ба омилҳои пешгирии сироятёбӣ аз ин вирус якчанд маслиҳатҳо пешниҳод намуданд.

Ширкатҳои сайёҳии ватанӣ дар навбати худ оид ба тақвияти рушди сайёҳии дохилӣ пешниҳодҳои мушаххас карданд.

Қаблан чунин як дархост ба ширкатҳо тарики нома аз ҷониби Кумита сурат гирифта буд.

Ширин Амонзода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шарҳи ин нома ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин тасмим дар машварат бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва барои ҳифзи ҷону амнияти сайёҳони ҳам хориҷӣ ва ҳам дохилӣ гирифта шудааст.

“Аммо ин як тасмими муваққатист ва мо ҳам ба ширкатҳо тавсия додаем, ки то муътадил гардидани вазъият аз ташкили саёҳати ҳам шаҳрвандони дохилӣ ба хориҷ аз Тоҷикистон ва ҳам шаҳрвандони кишварҳои дигар аз хориҷ ба Тоҷикистон муваққатан худдорӣ кунанд. Ин тадобир ба хотири эмин нигаҳ доштани шаҳрвандони кишвар аз ин маризии сироятист, ки рӯз ба рӯз дар кишварҳои ҷаҳон доман паҳн мекунад”, — гуфтааст Ширин Амонзода.

Тибқи иттилои Кумитаи рушди сайёҳӣ, ҳоло дар Тоҷикистон 202 ширкати сайёҳӣ фаъолият мекунанд, ки ба сайёҳони дохиливу хориҷии кишвар хизматрасонӣ менамоянд.