Дар як сол муҳоҷирони меҳнатӣ аз Русия ба Тоҷикистон 2,6 миллирад доллар равон карданд

Дар соли 2019 нисбат ба соли 2018 ҳаҷми интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон ҳамагӣ дар ҳаҷми 23 миллион доллар афзоиш ёфтааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Ҳаҷми интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон дар соли 2019 ду миллиарду 576 миллион долларро ташкил додааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Бонки марказии Русия.

Мушкили интиқоли пул: чаро дар бонкҳои Тоҷикистон издиҳом ба вуҷуд омадаст 

Ҳаҷми интиқоли пул дар соли гузашта нисбат ба соли 2018 23 миллион доллар афзоиш ёфта, ҳаҷми миёнаи ҳар як интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон дар соли гузашта 161 долларо ташкил додааст.

Бояд қайд кард, ки дар маҷмӯъ ҳаҷми интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон дар солҳои ахир дар як сатҳ қарор гирифтааст.

Дар соли 2018 муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон ба кишвари худ ду миллиарду 553 миллион доллар интиқол дода буданд, ки дар қиёс ба соли 2017 дар ҳаҷми 17 миллион доллар бештар будааст.

Бояд қайд кард, ки беқурбшавии ахири рубл дар Русия ба интиқоли маблағ ба Тоҷикистон таъсири манфӣ гузошт.

Санаи 9 марти соли равон арзиши як бушка нафти хом дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба 31,43 доллар расид ва табиист, баъд аз ин беқурбшавии рубли русӣ нисбат  асъори хориҷӣ аз ҷумла доллар ва евро ба қайд гирифта шуд.

Беқурбшавии рубли русӣ ба интиқоли пул, ки аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ сурат мегирад таъсир гузошт.  Он маблағе, ки муҳоҷирони меҳнати ба хонаводаҳои худ равон мекунанд ба маротиб коҳиш ёфт.