Теъдоди мубталоёни коронавирус дар Ӯзбекистон ба 11 нафар расид

Теъдоди мубталоёни маризии сироятии коронавирус дар Ӯзбекистон ба 11 нафар расид. Ҳукумати ин кишвар бар он мекӯшанд, ки аз паҳншавии сартосарӣ ҷилавгирӣ кунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Бар хабари Агентии санитарӣ - эпидемиологии Ӯзбекистон, теъдоди дардмандони маризии коронавирус рӯ ба афзоиш ниҳодааст.

Шумори гирифторони коронавирус дар Қазоқистон ва Ӯзбекистон афзоиш меёбад

То рӯзи 17 - уми март дар ин кишвар 11 ҳолати гирифторшавӣ ба маризии коронавирус сабт гардидааст. Як мавриди охир дар сарнишини хатсайри Дубай Тошканд сабт гардидааст 

Қаблан дар бадани ӯзбекистонӣ, ки аз Фаронса вориди ватан шуд, аломатҳои маризии коронавирус пайдо карда шуд. Зимнан, ин дардманд ҳамсар, фарзанд ва набераашро сироят намудааст.

Ду ҳолати дигар дар сарнишинони аз Истанбул ворид шуда муайян гардид. Қаблан дар Ӯзбекистон шумори гирифторони ин беморӣ ба 8 нафар расидааст. 

Гирифторони коронавирус дар Ӯзбекистон меафзояд: аз шавҳар ба ҳамсар ва набера гузашт

Шумораи дардмандони ин маризӣ дар Қазоқистон низ рӯ ба афзоиш аст. Раисҷумҳури Қазоқистон дар робита ба паҳншавии маризӣ  вазъи фавқуллода эълом кард.

Дар ҳарду ин кишварҳо барои пешгирӣ аз паҳншавӣ аз коронавирус муассисаҳои таълимӣ пурра карантин эълон шуда, тамоми чорабиниҳои оммалӣ манъ шудааст.

Қазоқистон шурӯъ аз рӯзи гузашта барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус ва ҳифзи саломатии шаҳрвандон барои як моҳ вазъияти фавқулода эълом кард.

Ӯзбекситон низ сарҳадоти худро баст ва парвоҳоро ба базе аз кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон муваққатан қатъ кард.