Русия вуруди хориҷиёнро муваққатан маҳдуд кард

Русия сарҳадашро барои вуруди хориҷиён муваққатан мебандад. Ин қарор ба ҳайатҳои расмӣ, соҳибони санади иқомати доимӣ дар Русия ва мусофироне, ки транзитӣ ба ин кишвар парвоз мекунанд, дахл надорад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputniк. Ҳукумати Русия мувофиқи қонуни кишвар ва шартномаҳои байналмилалӣ, дар бораи маҳдуд кардани вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бешаҳрванд ба қаламраваш, қарор баровард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Ҳукумати Русия.

Қарори мазкур аз ҷониби сарвазири кишвар Михаил Миншустин ба хотири ҳифзи саломатии шаҳрвандон аз коронавирус, қабул шудаааст.

Қарори мазкур аз 18 марти соли равон то 1 майи соли 2020 амалӣ мешавад.

Миншустин аз ин қарор аллакай ҳамтои худ аз Тоҷикистон - Қоҳир Расулзода ва ҳамчунин сарвазирони Белорус, Озарбойҷон, Армнаистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистонро бохабар кард.

Сухбати телефонии Мишустин бо Расулзода: ду нахуствазир чиро баррасӣ карданд?

Дар баробари ин, қарор ба дипломатҳо, ронандагони мошинҳои боркаши байналмилалӣ, сарнишинони ҳавопаймову киштиҳо, ҳайатҳои расмӣ, соҳибони санади иқомати доимӣ дар Русия ва мусофироне, ки тариқи масири транзитӣ ба ин кишвар парвоз мекунанд, дахл надорад.

Сухбати телефонии Мишустин бо Расулзода: ду нахуствазир чиро баррасӣ карданд?

Пештар хабар дода шуд, ки Русия дар робита ба паҳншавии густурдаи коронавирус ҳаракати қатораҳо ба самти Тоҷикистонро қатъ кард.

Русия ҳаракати қатораҳо ба самти Тоҷикистонро қатъ кард

Феълан шумораи мубталоёни коронавирус дар Русия ба 93 кас расидааст.