Сухбати телефонии Мишустин бо Расулзода: ду нахуствазир чиро баррасӣ карданд?

Михаил Мишустин, нахуствазири Русия дар як суҳбати телефонӣ бо Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон вазъи ба вуҷуд омадаи коронавирус дар қаламрави кишварҳои ИДМ ба хусус дар Русияро баррасӣ намуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Нахуствазири Русия Михаил Мишустин бо бархе аз ҳамтоёни худ аз кишварҳои ИДМ вазъияти паҳншавии коронавирус дар қаламрави кишварҳои ҳамсудро баррасӣ кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати Русия.

Шумори гирифторони коронавирус дар Қазоқистон ва Ӯзбекистон афзоиш меёбад

“Санаи 15-16 марти соли равон нахуствазири Русия Михаил Мишустин бо Сергей Румасов, сарвазири Беларус, инчунин нахуствазири Озарбойҷон Алӣ Асадов, Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон, Аскар Мамин, раиси ҳукумати Қазоқистон, нахуствазири Қирғизистон Муҳаммадқолӣ Абулғозиев
ва нахуствазирони Тоҷикистону Ӯзбекистон Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов суҳбати телефонӣ дошт”, - иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати Русия.

Тарс аз коронавирус: харидории баста баста ҳазориспанд дар Самарқанд - навор

Манбаъ зикр намудааст, ки зимни суҳбатҳои телефонӣ вазъӣ паҳншавии коронавирус дар қаламрави кишварҳои ИДМ баррасӣ шуд.

Бояд қайд кард, ки қаблан Русия бино бар хатари паҳншавии коронавирус, муваққатан ҳамлу нақли мусофиронро тавассути роҳи оҳан бо Тоҷикистон манъ кард.

Дар Русия дар робита ба коронавирус вазъи фавқуллода эълом мешавад?

Рӯзи Душанбе садҳо шаҳрванди Тоҷикистон ба далели қатъ шудани вуруд дар робита бо коронавирус ба Ӯзбекистону Қазоқистон, дар минтақаи бетарафи миёни ин ду кишвар, дармондаанд.

 Ҳамчунин Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвар тавсия дод, ки аз сафарҳо ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон худдорӣ намоянд.

Тибқи омори расмии ахири Созмони ҷаҳонии беҳдошт  дар 143 кишвари ҷаҳон 169 ҳазор нафар гирифтори коронавирус шуданд. То ҳол аз ин вирус дар сартосари ҷаҳон беш аз 6,5 ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст.

Қаблан Созмони ҷаҳонии беҳдошт коронавирусро пандемия эълон карда буд.