Фавти мураббии бошгоҳи футболи кӯдакона дар Испания аз коронавирус

Феълан сироятшудагони коронвирус дар Испания ба 9191 нафар расидааст, ки аз ин шумора 309 нафар ҷони худро аз даст доданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Мураббии бошгоҳи футболи "Атлетико Портада Алта" -и Испания Франсиско Гарсия бар асари бемории коронавирус ҷон бохт.

Футбол бидуни дастфишорӣ: тасмими УЕФА барои пешгирӣ аз коронавирус

Тибқи хабаргузории маҷаллаи Marca, мутахассиси 21 сола якчанд рӯз пеш аз мубталошуданаш ба ин беморӣ хабардор гардида буд. Сармураббии ҷавон дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Малага ҷони худро аз даст додааст.

Коронавирус ба футбол ҳам таъсир кард: бозии Тоҷикистон ва Муғулистон мавқуф гузошта шуд

Ёдовар мешавем, ки Гарсия вазифаи мураббигии кӯдакони бошгоҳи мазкурро ба зимма дошт. Инчунин, чанде пеш аз маргаш, ӯ дар ҳолати хуб қарор дошт ва ҳатто бо наздиконаш муошират мекард.

Дар айни ҳол сироятшудагони коронвирус дар Испания ба 9191 нафар расидааст, ки аз ин шумора 309 нафарашон фавтидагон мебошанд.

Қаблан Созмони ҷаҳонии беҳдошт хуруҷи коронавирусро ҳамчун дунёгир эътироф карда буд.