Дабири кулли СПАД аз Тоҷикистон боздид мекунад

Дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) Станислав Зас, дар Тоҷикистон бо раҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ ва мақомоти қудратӣ дидору мулоқот хоҳад кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) Станислав Засбарои барои дидору мулоқот бо президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон меравад, хабар медиҳад хадамоти матбуотии созмон.

Дабири нави СПАД маълум шуд

Интизор меравад, ки Зас рӯзи 19 март ба Душанбе мерасад ва дар баробари мулоқот бо кишвардор, бо раҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ ва мақомоти қудратӣ дидору мулоқот хоҳад кард.

Дар назар аст, ки Зас бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, вазири дифоъи кишвар Шералӣ Мирзо ва раиси Шӯрои амният Насрулло Раҳматҷонов вомехӯрад.

Дар баробари ин, Дабири кулли СПАД бо муовини аввали фармондеҳи Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, гуфтушунид мекунад.

Ёдрас мешавем, ки номзадии Дабири кулли СПАД аз ҷониби кишварҳои узви ин созмон 28 ноябри соли 2019 тасдиқ шуд.

Аз 1 январи соли 2020 Станислав Зас, намояндаи Белорус ба ҳайси роҳбари Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) ба кори худ оғоз  кард.