ДУШАНБЕ, 16 марта – Sputnik. Чунин тадобир дар робита ба эълон гардидани вазъи фавқуллода дар ҳарду кишвар рӯи даст гирифта шудааст.
Аз 16 марти соли 2020 бинобар эълон гардидани вазъияти фавқулода дар Қазоқистон ва ҷорӣ шудани чораҳои маҳдудкунанда дар Ӯзбекистон бар асари ҳамагирии коронавируси нав (COVID-19) маҳдудияти ворид шудан ба ин ду кишвар ҷорӣ гардид.
"Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавсия медиҳад, ки шаҳрвандони кишвар аз сафар ба Қазоқистон ва Ӯзбекистон, аз ҷумла сафарҳои транзитӣ, худдорӣ намоянд", - омадааст дар муроҷиатномаи ВУХ.
Вазорат хотиррасон кардааст ки шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Қазоқистон ва Ӯзбекистон қарор доранд, дар ҳолати зарурат метавонанд ба намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии мо: Сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон, суроға: ш. Нур-Султон, мкр-н Чубари, кӯчаи Карасакал Еримбет, 15, тел: +7 7172 241315, +7 7172 240929, E-mail: tajembastana@mfa.tj. Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Алмаато, суроға: ш. Алмато, к. Санаторная, 16, тел: 8107 (3272) 69 70 59, E-mail: tajconsalmaty@mfa.tj муроҷиат кунанд.
Муҳоҷирони тоҷик миёни Қазоқистону Ӯзбекистон дармондаанд
Ҳамчунин Сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон бо суроға: 700090, ш.Тошканд, к. А. Каххор, 61, тел: 810 (998712) 54 99 66, 810 (998712) 54 84 13, E-mail: tajembuz@mfa.tj омода аст ба шаҳрвандони Тоҷикистон кумак кунад.
Ёдрас мешавем, ки қаблан хабар дода шуд, ки муҳоҷирони тоҷик дар роҳи ба сӯи Тоҷикистон миёни Қазоқистон ва Ӯзбекистон дармондаанд.