ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, изҳор дошт, ки аз 788 парвандаи коррупсионӣ, ба азонихудкунӣ 232 адад рабт доштаанд.
“Барои қаллобӣ 169 парванда, сӯиистифода аз мансаб ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ 40, гирифтани пора 43, додани пора 15 ва 276 дигар ҷиноятҳои коррупсионӣ оғоз карда шуданд”, - гуфтаст Юсуф Раҳмон дар суҳбат бо “Ховар”.
Садҳо ҷинояти коррупсионӣ дар ҳолест, ки генерал-майор Сулаймон Султонзода, сардори Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон, ахиран бо нашри мақолае гуфт, дар натиҷаи омилҳои коррупсионӣ иқтисодиёти ниҳонӣ вусъат ёфта, қисми даромаднокии буҷет аз ҳисоби кам ворид гардидани андозҳо коҳиш меёбад. Бинобар иҷро нагардидани уҳдадориҳои буҷавӣ ба тезутунд гаштани проблемаҳои иҷтимоӣ оварда мерасонад, гуфт Султонзода.
“Ба замми ин, самаранокии фаъолияти иқтисодиёт ва вайроншавии механизмҳои бозоргониро ба амал оварда, рақобати солимро аз байн мебарад ва ба пайдошавии тамоюлҳои инҳисорӣ (монополӣ) мусоидат менамояд”, - изҳор дошта буд ӯ.
Султонзода: кормандони Агентии мубориза бо коррупсия даст ба фасодкорӣ назадаанд
Султонзода тавзеҳ дод, ки мақомоти олуда ба коррупсия ба ҷинояткории муташаккил мусоидат намуда, ба ин васила ба қонунигардонии маблағҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада шароит фароҳам меоварад: “Дар шуури ҷамъиятӣ тасаввурот дар бораи беҳимоягии шаҳрвандон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ташаккул ёфта, оқибат ба косташавии минбаъдаи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ оварда мерасонад”.